IQNA

Ҷузъиёти ҳафтумин конгресси байналмилалии "Андешаҳои қуръонии имом Хоманаӣ" эълом шуд

18:09 - November 12, 2024
рақами хабар: 2408
ИКНА - Тавлияти ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ (а) аз баргузории ҳафтумин конгресси байналмилалии "Андешаҳои қуръонии Оятуллоҳ имом Хоманаӣ (мудда-зиллуҳ)" дар рӯзи 12 ноябр ба мизбонии ин ҳарами мутаҳҳар хабар дод ва ба ташреҳи ҷузъиёти баргузории ин рӯйдод пардохт.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Иброҳими Калонтарӣ, тавлияти ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ (а) рӯзи душанбе, дар нишасти хабарии конгресси байналмилалии "Андешаҳои қуръонии оятуллоҳ имом Хоманаӣ (мудда-зиллуҳ)", ки дар ин ҳарами мутаҳҳар баргузор шуд, баён кард: аввалин гуфтугӯҳо барои баргузории ин конгрес ҳудуди чаҳор сол пеш бо мудирияти Ҷомеатул-мустафо (с) дар устони Қум ва бо мушорикати донишгоҳ ва ҳавза анҷом шуд. 

Вай бо баёни ин ки дар рӯзи чаҳоршанбе, 12 ноябр ҳафтумин иҷлосияи байналмилалии андешаҳои қуръонии ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ (мудда-зиллуҳ) аз соати 8 то 17 дар ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ (а) баргузор хоҳад шуд, изҳор кард: Ин конгрес се ваҷҳ дорад, ки ҳар се маврид бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор бигирад. Аҳамият ба Қуръони Карим дар ҷаҳони Ислом ва ҷаҳони башарият аввалин ваҷҳи ин конгрес аст.

Калонтарӣ бо тасреҳи ин ки дувумин ваҷҳи ин конгрес аҳамияти андешаҳои қуръонии шахси мақоми муаззами раҳбарӣ аст, тасреҳ кард: Оятуллоҳ Хоманаӣ (мудда-зиллуҳ) яке аз раҳбарони барҷастаи дунё ҳастанд, ки ҷаҳониён рӯз ба рӯз бо андешаҳои ишон бештар ошно мешаванд, бинобар ин муаррифии ин шахсият ба ҷомеа бояд дар дастури кор бошад, чаро ки бахше аз умри ишон дар ҳавзаи Қуръони Карим ва тафсири ин китоби осмонӣ сарф шудааст. Ишон аз соли 1343 то 1356 ба таври мустамар ҷаласоти тафсири Қуръони Карим баргузор мекарданд.

Тавлияти ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ (а) баён кард: 700 сафҳаи қатъи вазирӣ тафсири тахассусии Қуръони Карим, баргузории килосҳои тафсири Қуръони Карим ба муддати 13 сол ба сурати мустамар аз фаъолиятҳои қуръонии мақоми муаззами раҳбарӣ аст, ки бояд ин дастовардҳо ба насли ҷавон муаррифӣ шаванд.

Калонтарӣ буъди севуми ин конгресро раҳбарии беназири мақоми муаззами раҳбарӣ донист ва гуфт: инқилоби исломии Эрон бузургтарин инқилоби мардумии ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки раҳбарии он бар ӯҳдаи оятуллоҳ Хоманаӣ (мудда-зиллуҳ) аст; Як раҳбаре, ки бар асоси андешаҳо ва маорифи Қуръони Карим идора мешавад ва маорифи ноби Қуръони Карим бар асоси тадаббурҳо ва андешаҳои мақоми муаззами раҳбарӣ мабнои ҳаракати инқилоби исломиӣдар ҷаҳон аст.

Вай бо таъкид бар ин ки бахши умдаи ин ҳамоиш ба масоили рӯзи ҷаҳон, ҷаҳони Ислом, масоили Ғазза, Лубнон ва муқобила бо истикбори мепардозад, афзуд: Ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Шоҳчароғ (а) мизбони ҳафтумин иҷлосияи конгрес аст ва Ҷомеатул-мустафо (с) Ал-Оламияи Қум, дафтар ва ҳифз ва нашри осори мақоми раҳбарӣ, донишгоҳҳо ва марокизи фикрӣ ва фарҳангӣ ва шаҳрдори Шероз аз ҷумла ҳамкорон дар баргузории ин иҷлосия ҳастанд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Исо Мустарҳамӣ, узви ҳайати илмии донишгоҳи байналмилалии Ҷомеатул-мустафо (с) Ал-Оламия ва муовини илмии ҳамоиши байналмилалии Андешаҳои қуръонии имом Хоманаӣ низ дар ин нишаст а ишора ба ин ки беш аз 180 маркази мухталиф барои ин ҳамоиш ҳамкорӣ карданд, баён кард: Коргуруҳҳои мутааддиде нозир бар меҳварҳои бистгона дар назар гирифта шуда ва 73 коргуруҳи илмӣ нозир бар Андешаҳои мақоми муаззами раҳбарӣ баргузор шудааст; Дар ҳамин росто 200 пешнашвис дар ин ҳавза баргузор шудааст.

Мустарҳамӣ афзуд: ду ҳазор ва 977 чакидаи мақола ва ду ҳазор ва 156 асли мақола ба дасти мо расидааст. Ба 22 забон ва 30 миллит мақола доштем ва албатта дар арзёбии мақолот сахтгирии зиёде шудааст.

Вай гуфт: Аз теъдоди ду ҳазор ва 156 мақола 845 мақола пазириш шуд, ки ними ин теъдод ба сурати мактуб чоп шудааст ва ниме ба сурати нармафзорӣ дар ихтиёри умум қарор хоҳад гирифт.

https://fars.iqna.ir/fa/news/4247603

 

captcha