Ба гузориши ТоҷикПресс, Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия дар Нишасти вижаи сарони кишварҳои арабӣ-исломӣ, ки дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор шуд сарони кишварҳои исломиро мавриди хитоби шадид қарор дод.
Раисҷумҳури Сурия бо таъкид бар ҳуқуқи таърихӣ ва пойдори фаластиниҳо ва вазифаманд будани мусалмонон дар баробари он муқовимат дар Фаластин ва Лубнонро қонунӣ ва ишғолгарони исроилиро нозӣ хонд.
Башор Асад гуфт: Мо дар масъалаи Фаластин тухми сулху осоишро пешниход мекунем, аммо хун чида истодаем. Агар мехоҳем, ки натиҷаро тағир диҳем, бояд аз шеваҳои ҷойгузин (иқдоми амалӣ нафақат судури баёнияи маҳкумият) истифода барем.
Вай Таъкид кард, ки айни замон таваққуфи кушторҳо, таваққуфи наслкушӣ ва таваққуфи поксозии қавмӣ дар авлавият аст.
Раисҷумҳури Сурия гуфт, мо бояд гузинаҳоямонро маълум кунем; оё (ҷиноятҳои Исроилро) танҳо маҳкум мекунем, ё аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост мекунем? Барномаи амалии мо чист? Мо бо як ниҳоди султагар рӯбарӯ ҳастем. Мо бо як миллат рӯбарӯ нестем. Балки бо шаҳракнишиноне рӯбарӯ ҳастем, ки ба ваҳшиҳо монанд ҳастанд.
Рӯзи душанбе пойтахти Арабистони Саудӣ мизбони Нишасти вижаи сарони кишварҳои арабӣ-исломӣ буд. Ин нишаст идомаи Нишасти сарони кишварҳои арабӣ-исломӣ дар 11 ноябри 2023 буд, ки бо пешниҳоди Иттиҳодияи Араб ва Созмони Ҳамкории Исломӣ баргузор шуд.
Бо вуҷуди он ки Ҳамос пеш аз баргузории нишасти Риёз аз сарони давлатҳои исломӣ хоста буд ба вазифаи худ дар баробари Фаластин амал кунанд, аммо дар нишасти рӯзи гузашта, ки номи вижа ва фаврӣ низ ба худ гирифта буд, сарони давлатҳои исломӣ ҳамчун баёнияҳои Созмони Милали Муттаҳид бидуни ҳеҷ иқдоми амалие ба маҳкумияти ҷиноятҳои Исроил алайҳи Ғазза ва Лубнон басанда карданд; Башор Асад дар ин нишаст бо суханони шадиди худ дар ҳадди намояндаи муқовимати исломӣ сухан гуфт.
Қобили зикр аст, ки дар нишасти Риёз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ ҳузур дошта ва буҳрони башарӣ дар минтақаро боиси нигаронии амиқ хонд.
https://tajikpress.com/2024/11/12/