IQNA

Бемористони “Ал-Маъмадонӣ” бузургтарин ҷинояти ҷангии қарн

13:01 - November 13, 2024
рақами хабар: 2414
ИКНА - Режими саҳюнистӣ 17 октябри 2023 яъне 10 рӯз баъд аз 7 октябри 2023 ба маҷрӯҳон ва оворагони фаластиние, ки дар бемористони Ал-Маъмадонии Ғазза паноҳ гирифта буданд, ҳамлаи ҳавоӣ кард.

Артиши режими палид ва кӯдаккуши ишғолгари Қудс дар ин ҳамла бо истифода аз бомби MK-84 амрикоӣ беш аз ҳазор нафар аз мардумро қатли ом кард ва дар Ғазза ҷуйи хун ба роҳ андохт. Ин ҷинояти режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистҳо бузургтарин ҷинояти ҷангии қарни ҳозир буд. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати беҳдошт ва тандурустии Фаластин дар Ғазза, бештари ин қурбониён зан ва кӯдак буданд.
Пас аз бомбаборони бемористони Ал-Маъмадонӣ ва кӯштори занон ва кӯдакони мазлуми Фаластин тавассути режими хуношом ва ҷинояткори саҳюнистӣ, яке аз пизишкони ин бемористон дар миёни пайкарҳои шуҳадо дар ҳаёти бемористон нишасти хабарӣ баргузор кард ва ин ҷиноятро як қатли омми дастаҷамъӣ донист. Тасовире аз ин нишасти хабарӣ мунташир шуд ва корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо интишори он навиштанд: «Барои аввалин бор дар таърих, Ғазза шоҳиди аввалин нишасти хабарӣ миёни пайкарҳои шуҳадо буд.»
Расонаҳо ин кушторро ба наслкушӣ, холокости воқеӣ ва ҷинояти ҷангӣ таъбир карданд. Амрико ва мақомоти аврупоӣ муҷримони ин кӯштор ва қатли омми холокости воқеӣ ҳастанд, ки ба шаклҳои мухталиф аз ин режими хуношом ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ҳимоят кардаанд.
Ҳамос 7 октябр амалиёти Тӯфони Ал-Ақсоро дар ростои озодсозии Фаластин ва ҷилавгирӣ аз идомаи ишғолгарии режими ҷинояткори Исроил дар сарзаминҳои ишғолӣ анҷом дод, ки бесобиқа буд ва шикасти ҳамаҷониба ва тармим нашуданӣ барои режими ҷаълии саҳюнистӣ рақам зад. Дар вокуниш ба ин амалиёти Ҳамос буд, ки саҳюнистҳои кӯдаккуш ва ҷинояткор ба бемористони Ал-Маъмадонӣ ҳамла кард. Хабаргузории Рейтер ҳамла ба бемористони Ал-Маъмадониро маргбортарин ҳодиса дар талофии режими ишғолгари саҳюнистӣ дар пайи амалиёти Тӯфони Ал-Ақсои Ҳамос матраҳ кард.
Мақомоти режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар ибтидо ӯҳдадори масъулияти ҳамла ба ин бемористон шуданд. Ҳанания Нафтали сухангӯи расонаҳои диҷитоли режими артиши ишғолгари Қудс ҳам дар твите навишт: «Неруи ҳавоии Исроил як пойгоҳи мутааллиқ ба Ҳамосро дар як бемористон дар Ғазза ҳадаф қарор дод.» Ҳанания Нафтали ин твитро ҳазф кард; Аммо Алҷазира тасвири ин твитро мунташир кардааст.
Дар ҳоле, ки Фаластиниҳо силоҳе бо чунин қудрати тахриб ва инфиҷор надоранд ва саҳюнистҳои ҷинояткор собиқаи дурӯғгӯӣ ва андохтани гуноҳ бар гардани дигаронро дорад, мақомоти саҳюнистӣ ва амрикоӣ иддао карданд, ки инфиҷори бемористон бар асари амалиёти номувафақи мушакии ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ будааст. Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ, бо радди иддаои саҳюнистҳо, инкори ҳамла ба бемористонро ба ҷиҳати адами пазириши мсъулияти ин ҷиноят донистааст. Ин ҷунбиш таъкид кардааст, ки саҳюнистҳо борҳо ин бемористон ва дигар бемористонҳои Ғаззаро таҳдид ба тахлия ва бомбаборон карда буд. Ҳамчунин ривоятҳои мутаноқизи онҳо аз ин куштор, кизби онҳоро собит мекунад. Ҳамчунин аз хабарнигори BBC низ нақл шуда, ки бо таваҷҷуҳ ба шиддати инфиҷор, бисёр сахт аст, ки мушакро мушаки ғайри исроилӣ бидонем.
Шабакаи Алҷазираи Қатар низ мустанади видеоӣ аз лаҳзаи ҳадаф қарордодани ин бемористон тавассути саҳюнистҳо ба намоиш гузошт ва иддаои артиши режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнстӣ, мабнӣ бар шиллики мушак аз сӯи ҷунбиши ҷиҳоди Исломиро рад кард.
Бо вуҷуди ҳамаи аснод ва мадорик, аммо режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ҳамчунон худро дорои бо ахлоқтарин артиши ҷаҳон медонад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ низ дар сояи ҳимоятҳои бечуну чарои Амрико, токунун муваффақ ба ҳеҷгуна муҷозоте алайҳи ин режими ҷинояткор нашудааст. Бомбаборони бемористони Ал-Маъмадонӣ, аввалин маврид буд, аммо ҳаргиз охирин маврид набуд, ҳамла ба бемористони Шифо дар Ғазза ва Ал-Носир дар Хон Юнус ва даҳҳо маркази пизишкӣ ва бемористони дигар ҷузви иттифоқоти пур такрори як соли ахир аст, неруҳои имдодӣ ҳанӯз пайкари чандин шаҳиди дигарро дар муҳавватаи бемористони Шифо ва Ал-Носир пайдо мекунанд. Ба гуфтаи вазорати беҳдошт ва тандурустии Ғазза, режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар тӯли як сол ҷанги Ғазза 65 дарсади зерсохтҳои дармонӣ ва беҳдоштии ин борикаро нобуд кардааст.
https://tajikpress.com/2024/11/13/

captcha