Аз оёти дигаре, ки сареҳан вуҷуди чунин ҷаҳонеро исбот мекунад оёти марбут ба ҳаёти шаҳидон аст; Монанди «وَ لا تَحْسَبَنَّ الَّذِينَ قُتِلُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْواتاً بَلْ أَحْياءٌ عِنْدَ رَبِّهِمْ يُرْزَقُونَ» "Ҳаргиз гумон накун касоне, ки дар роҳи Худо кушта шуданд мурдагонанд онҳо зиндаанд ва назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешванд" (Оли Имрон/ 169 ). Дар инҷо хитоби Худованд ба Паёмбар аст, ва дар ояти 154 сураи Бақара хитоб ба ҳамаи муъминон мегуяд «وَ لا تَقُولُوا لِمَنْ يُقْتَلُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْواتٌ بَلْ أَحْياءٌ وَ لكِنْ لا تَشْعُرُونَ» "Ва касонеро, ки дар роҳи Худо кушта мешаванд, мурда нахонед, балки зиндаанд; Вале шумо намедонед." натанҳо дар мавриди муъминони олимақоме ҳамчун шаҳидон ҷаҳони барзах вуҷуд дорад балки дар бораи куффори туғёнгари ҳамчун Фиръавн ва ёронаш низ вуҷуди барзах сареҳан дар ояти 46 сураи Муъмин омадааст «النَّارُ يُعْرَضُونَ عَلَيْها غُدُوًّا وَ عَشِيًّا وَ يَوْمَ تَقُومُ السَّاعَةُ أَدْخِلُوا آلَ فِرْعَوْنَ أَشَدَّ الْعَذابِ» "Онҳо (Фиръавн ва ёронаш) ҳар субҳ ва шом дар баробари оташ қарор мегиранд ва ба ҳангоме, ки рӯзи қиёмат барпо мегардад фармон дода мешавад оли Фиръавнро дар шадидтарин кайфарҳо ворид кунед."
Набояд аз ёд бурд, ки олами охират чизе мутафовит аз барзах аст. Охират маънои густурдае дорад ва онро ба маънои ҷаҳони пас аз марг медонанд, ки шомили барзах ва қиёмати кубро ва пас аз он мешавад. Аз ин рӯ барзах бахше аз охират аст, ки пас аз марг ва қабл аз қиёмати кубро инсонҳо дар он қарор мегиранд.