Рақобатҳои нахустин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони кишвари Ироқ рӯзи гузашта бо иҷрои роҳёфтагон ба марҳалаи финал дар ду риштаи қироати таҳқиқ ва ҳифзи кулли Қуръони Карим ба кори худ поён дод.
Маросими ихтитомияи ин рӯйдод ва муаррифӣ ва таҷлил аз нафароти бартар фардо баргузор хоҳад шуд.
Дар ин давра ду ширкаткунанда ва ду довар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳузур доранд, дар бахши мусобиқоти Алӣ Ғуломозод дар риштаи ҳифзи кулли Қуръон ва Маҳдии Шоиқ дар риштаи қироати таҳқиқ ва дар гурӯҳи доварӣ низ Қосими Разавӣ ва Муътази Оқоӣ ҳузур доранд.
Қосими Разеъӣ, довари бахши лаҳни нахустин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони кишвари Ироқ, дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИКНА дар мавриди ин рӯйдоди байналмилалӣ гуфт: Ин мусобиқот дар риштаҳои ҳифзи кулл ва тиловати Қуръон дар таърихи 9 то 14 ноябри 2024 дар ҳутели Ар-Рашиди Бағдод зери назари Муҳаммад Ас-Суддонӣ, нахуствазири Ироқ баргузор мешавад.
Вай афзуд: Дар ин давра намояндагони 30 кишвар дар риштаҳои қироати таҳқиқ ва ҳифзи кулли Қуръон ҳузур доранд, ин рӯйдод дар ду марҳалаи муқаддамотӣ ва ниҳоӣ барномарезӣ шуда ва шаби гузашта марҳалаи финал дар салони иҷтимоъоти ҳутели маҳалли искони мутасобиқон барпо шуд.
Вай тасреҳ кард: Бо таваҷҷуҳ ба ин ки мусобиқоти Ироқ аввалин давраи он аст, вале дар сатҳи хубе баргузор шуд, ба вижа дар риштаи ҳифзи кулли Қуръон рақобатҳо бисёр наздик ба ҳам буд.
Разеъӣ дар мавриди амалкарди намояндагони Эрон баён кард: Хушбахтона намояндаи кишварамон дар риштаи ҳифзи кулли Қуръон ба хубӣ ба ҳамаи саволот дар ҳар ду марҳала посух дод, аммо ҳанӯз асомии бартаринҳо мушаххас нест. Дар риштаи қироати таҳқиқ ҳам Маҳдии Шоиқ тиловати бисёр хубе дошт ва тавонист рутбаи нахусти ин давра аз мусобиқотро касб кунад.
Ин довари мусобиқоти байналмилалии Қуръон дар бораи дигар барномаҳои ин мусобиқот баён кард: теъдоде аз доварон ва ширкаткунандагон имрӯз ба зиёрати ҳазрати Имом Ҳусайн алайҳиссалом озим шуданд ва дар ҳарамҳои шариф иҷрои тиловат хоҳанд дошт ва устод Аҳмад Аҳмад Нуъайнаъ низ иҷрои тиловат дорад.