Ба гузориши хабаргузории Алҷазира, давлати Байден ба таври расмӣ дар 20 январ Кохи Сафедро ба Доналд Трамп, пирӯзи интихоботи риёсатҷумҳурии 2024 хоҳад сипурд. Бо ин ҳол, акнун қонунгузорони демократ, ки аз замони оғози ҷанги Ғазза ва наслкушии фаластиниён сукут карда буданд хостори анҷоми иқдомоти намодин аз сӯи давлати Байден дар ин замина ҳастанд.
Бар ин асос, 88 қонунгузори амрикоӣ бо имзои як нома аз давлати Байден хостанд пеш аз тарки Кохи Сафед иқдом ба аъмоли таҳрим алайҳи Итамар Бен Говер, вазири амнияти дохилӣ ва Бетзалел Смотрич, вазири дороии режими саҳюнистӣ ба далели ифротгароӣ алайҳи фаластиниён кунад.
Ин нома, ки дар 29 октябр ба имзои намояндагон расида ва акнун ба таври расмӣ дар расонаҳо мунташир мешавад таъкид дорад: Мо қонунгузорон ба шиддат нигарони афзоиши хушунати шаҳракнишинони саҳюнистӣ, густариши шаҳрак созиҳои дар Каронаи Бохтарӣ, ва иқдомоте ҳастем, ки боиси тазъифи беш аз пеши ташкилоти худгардон дар Ромуллоҳ мешавад.
Дар идомаи ин нома омадааст: Ин 2 вазири ифротии саҳюнистӣ бар оташи хушунатҳо дар Каронаи Бохтарӣ медаманд, ки ин амр бар шиддати ҳамалоти рӯзона шаҳракнишинон ба фаластиниён доман задааст. Тайи ин ҳамалот хонаҳои фаластиниён тахриб ва вайрон шуда, амволи онҳо ба ғорат рафта, ва ғайри низомиён кушта ва захмӣ мешаванд.
Ин қонунгузорон дар поён таъкид доранд: бо вуҷуди ин мақомоти ифротӣ дар кобинаи Нетаняҳу ва идомаи хушунати шаҳракнишинон ва аъмоли сиёсатҳои илҳоқӣ, бадеҳӣ аст, ки таҳримҳои бештар ба фаврият мавриди ниёз аст.
https://tajikpress.com/2024/11/15/