Ба гузориши ИКНА, бо поён ёфтани марҳалаи муқаддамоти марҳалаи кишварӣ чиҳилуҳфтумин давраи мусобиқоти саросари Қуръони Карим, ки танҳо марҳалаи ғайри ҳузурии ин рӯйдод аст, ҳама чиз барои баргузории марҳалаи кишварии ин мусобиқот дар шаҳри Табрез фароҳам шудааст.
Маркази умури Қуръони созмони авқоф ва умури хайрия то поёни сол танҳо мусобиқоти саросарии Қуръонро дар пеш надорад, ин марказ тайи чаҳор моҳи интиҳои соли 1403 чаҳор рӯйдоди миллӣ ва байналмилалиро дар устонҳои мухталиф иҷроӣ хоҳад кард.
Аввалин рӯйдод аз рӯйдодҳои чаҳоргона, баргузории марҳалаи ниҳоии чиҳилуҳфтумин давраи мусобиқоти саросарии Қуръони Карим дар ду бахши бонувон ва оқоён аст. Ин марҳала аз мусобиқот аз 2 декарб дар бахши бонувон ва ба мизбонии шаҳри Табрез оғоз мешавад ва дар идома дар бахши оқоён ва то 19 декабр идома хоҳад дошт.
Бо поён ёфтани мусобиқоти саросарии Қуръон, навбат ба мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад расид, маҳалли баргузории ин мусобиқот баъд аз солҳо аз Теҳрон хориҷ шуда ва ба мизбонии шаҳри Машҳад барпо хоҳад шуд.
Ин мусобиқот аз ҳаштуми27 январ ва ҳамзамон бо солрузи Мабъаси Паёмбари Акрам (с) оғоз мешавад ва то сездаҳуми ин моҳ идома дорад. Мусобиқоти байналмилалии Қуръони Эрон дар ду бахш бонувон ва оқоён баргузор мешавад, дар бахши бонувони риштаҳои қироати тартил ва ҳифзи кулли Қуръон ва дар бахши оқоён низ се риштаи қироати таҳқиқ, қироати тартил ва ҳифзи кулли Қуръон дар назар гирифта шудааст.
Поёни бахши мусобиқоти Қуръони соли 1403 бо дувумин давраи ҷашнвораи тиловатҳои тақлидӣ хоҳад буд. Ин ҷашнвора, ки имсол тадорук беҳтаре барои он дар назар гирифта шудааст, 23 то 28 феврал ва ба мизбонии шаҳри Қазвин баргузор хоҳад шуд.
Ҳанӯз ҷузъиёти марбут ба риштаҳо ва бахшҳои ин мусобиқот аз сӯи маркази умури Қуръони созмони авқоф ва умури хайрия эълом нашудааст, ҷузъиёти ин ҷашнвора ҳамзамон бо оғози сабтином, ки ибтидои 21 нояб хоҳад буд, эълом мешавад.
https://iqna.ir/fa/news/4248451