IQNA

Ҳизбуллоҳ тавонмандиҳои мушакӣ ва низомии болое дорад

21:00 - November 18, 2024
рақами хабар: 2443
ИКНА - Як расонаи режими саҳюнистӣ эътироф кард, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчунон тавонмандиҳои мушакӣ ва низомии болое дорад ва Тел-Авив набояд дар арзёбиҳои худ иштибоҳ кунад.

Ба гузориши хабаргузории Ал-Маёдин, шабакаи 12 телевизиони режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ба нақл аз Елит Фреш (Elite Fresh) мушовири иттилоърасонии ин режим тасреҳ кард, ки Ҳизбуллоҳ ҳамчунон тавонмандиҳои мушакӣ ва низомии болое дорад ва Исроил набояд дар арзёбиҳои худ дар ин робита иштибоҳ кунад.
Вай иброз дошт, ки нирӯи заминии Ҳизбуллоҳ тақрибан ҳанӯз даст нахурдааст ва насли ҷадиде аз аносири муқовимат баъд аз террорҳо рӯи кор хоҳад омад ва ин мавзӯъ танҳо ба замон ниёз дорад.
Елит Фреш бо ишора ба сигналҳои мусбате, ки дар хусуси эҳтимоли оташбас матраҳ шуда, гуфт, ки як мавзӯъи асосӣ ҳанӯз мавриди тавофуқ қарор нагирифта, ки ҳамон озодии амал Исроил дар Лубнон аст. Рӯзнома саҳюнистӣ Едиот Аҳаронот пеш аз ин пешбинӣ карда буд, ки Ҳизбуллоҳ ва давлати Лубнон ҳаргиз озодии амали Тел-Авив дар ин кишварро нахоҳанд пазируфт.
Расонаҳои режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ  эълом кардаанд, ки Ҳизбуллоҳ ба думболи иҷрои комили қатъномаи 1701 аст ва омодагии вуруди банди ҷадид ба ин қатънома дар хусуси озодии амали Исроил ва ё ҳатто озодии амали нирӯҳои ҳавоӣ Исроил дар осмони Лубнонро надорад.
Шабакаи телевизионии “LBCI”-ии Лубнон гузориш дод, ки айни Айн Ат-Тина дафтари Набиҳ Беррӣ,  раиси парлумони Лубнон соати 8 дишб мулоҳизоти Ҳизбуллоҳ нисбат ба тарҳи пешниҳодии Амрико барои оташбасро ба сафорати ин кишвар мунтақил карда ва қарор аст ин мулоҳизот ба Амрико ирсол шавад то тасмимгирӣ дар хусуси сафари фардои Амос Хокштейн фиристодаи Амрико ба Бейрут бар асоси он анҷом гирад.
Ин шабакаи телевизионӣ фазои вокуниши Лубнон ба тарҳи пешниҳодии Амрикоро мусбат арзёбӣ ва эълом кард, ки ин кишвар омодаи ҳузури Амос Хокштейн аст то баррасиҳои ниҳоӣ дар хусуси тавофуқи оташбас анҷом шавад.
Дар ҳамин робита шаҳрдори Ҳайфо Мӯшакҳои Ҳизбуллоҳ ин шаҳр ва иқтисоди онро фалаҷ кардааст. Шаҳрдори Ҳайфо  бо ибрози нигаронии шаддид дар бораи тадоввуми ҳамалоти сангини Ҳизбиуллоҳи Лубнон ба шимоли сарзаминҳои ишғол шуда тавассути Исроил гуфт: Шаҳри Ҳайфо зарбаи иқтисодии бесобиқае хӯрдааст.
«Юна Яҳав » шаҳрдори Ҳайфо рӯзи сешанбе гуфт: Зиндагӣ дар Ҳайфо таътил ва ҳамачиз дар инҷо мутаваққиф шудааст; Хиёбонҳо холӣ ҳастанд ва мағозаҳо баста шудаанд, агар Ҳайфо аз назари иқтисодӣ тазъиф шавад, ин масаъла кулли Исроилро таҳти таъсир қарор хоҳад дод. Маркази мутолиотӣ ва таҳқиқотии Исроил дар ҳамин замина хотирнишон кард: Ҳамалоти Ҳизбуллоҳ ба умқи сарзаминҳои ишғолӣ афзоиш ёфта ва паҳподҳои Ҳизбиуллоҳ барги барандаи онҳо ҳастанд.
Маркази таҳқиқоти режими саҳюнистӣ таъкид кард, ки суръати амалиёти Ҳизбуллоҳ дар моҳи гузашта чаҳор баробар шудау ҳамзамон бо он ҳамалоти муқовимати исломии Лубнон ба манотиқи дуртар низ густариш ёфтааст.
Расонаҳои саҳюнистӣ низ бо ибрози нигаронӣ дар бораи вазъияти ошуфта дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ дар буҳбуҳаи оташсӯзиҳои идомадор ва густарда дар натиҷаи ҳамалоти мушакии Ҳизбуллоҳ эълом карданд ки саҳюнистҳои сокини манотиқи шимолӣ ки аз моҳҳои гузашта овора шудаанд , ҳеҷ тамоюлӣ ба бозгашт надоранд.
Сарҳанги захираи артиши режими Исроил эълом кард ки табдил шудани сарзаминҳои ишғолӣ ба минтақаи ҷангӣ ва шунида шудани мукаррари садои ожирҳои ҳушдор дар шаҳракҳои саҳюнистнишин дар ҳоли табдил шудан ба як раванди оддӣ дар зиндагии Исроилиҳост, ки идомаи он бисёр хатарнокаст.

https://tajikpress.com/2024/11/18/

captcha