IQNA

Паёми шафоҳии раҳбари олии инқилоби Эрон ба мардуми муқовими Лубнон

16:03 - November 19, 2024
рақами хабар: 2446
ИКНА - Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёми шифоҳӣ хитоб ба мардуми муқовим ва ҷангзадаи Лубнон фармуданд: Мо аз шумо ҷудо нестем. Мо бо шмоем. Мо бо шумо яке ҳастем. Дар дардҳо, ранҷҳо ва оломи шумо муштарак ва шарикем ва бо ҳам ҳамдард ва ҳамрангем. Дарди шумо дарди мо аст, ранҷи шумо ранҷи мо аст ва мо аз шумо ҷудо нестем.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии инқилоби исломии Эрон дар паёми шифоҳӣ хитоб ба мардуми муқовим ва ҷангзадаи Лубнон фармуданд: Мо аз шумо ҷудо нестем. Мо бо шмоем. Мо бо шумо яке ҳастем. Дар дардҳо, ранҷҳо ва оломи шумо муштарак ва шарикем ва бо ҳам ҳамдард ва ҳамрангем. Дарди шумо дарди мо аст, ранҷи шумо ранҷи мо аст ва мо аз шумо ҷудо нестем.

Раҳбари инқилоби исломии Эрон ин паёми шифоҳиро дар посух ба номаи оқои Майсами Мутиъӣ, ки ба ҳамроҳи ҷамъе аз фаъолони гурӯҳҳои ҷиҳодӣ, барои ҳузур дар ҷамъи мардуми муқовими Лубнон ва тавзеъи кумакҳои мардуми Эрон дар пӯиши «Эрони Ҳамдил» ба Лубнон сафар кардааст, содир кардаанд.

https://iqna.ir/fa/news/4249104

captcha