IQNA

Мушкилот ва камбудҳои бузурги Исроил дар баробари Ҳизбуллоҳ

16:24 - November 21, 2024
рақами хабар: 2455
ИКНА - Маҳофили режими саҳюнистӣ бо эъломи ин ки Исроил аз ҳадафи худ дар бозгардондани оворагон ба ҷабҳаи шимолӣ дур шудааст, таъкид карданд: Мо ҳамчунон дар ботлоқи Лубнон фурӯ меравем ва қудрати низомии Ҳизбуллоҳ ҳеҷ осебе надидааст ва Исроил қодир ба таҳмили шурути худ дар оташбаси бо Лубнон нест.

Дар идомаи интиқодоти маҳофили режими саҳюнистӣ аз амалкарди кобина ва артиши ин режими ҷинояткор ва кӯддаккуш дар ҷабҳаи шимолии Фаластини ишғолӣ ва вазъияти ошуфтаи шаҳракҳои шимолӣ дар натиҷаи ҳамалоти мудовими Ҳизбуллоҳ, рӯзномаи ибрии “Маарив” дар гузорише, аз муъзали бузурге, ки пеши рӯи артиши ин режим қарор дорад сухан гуфта ва таъкид кард, ки камбуди нирӯҳои захира, ба Исроил дар баробари Ҳизбуллоҳ осеб мезанад.
Баъд аз коҳиши чашмгири теъдоди нирӯҳое, ки ба артиш мепайванданд, муъзал ва буҳрони амиқе гиребони артиши Исроилро гирифта ва бар иқдомоти он барои фишор бар Ҳизбуллоҳ таъсири манфӣ мегузорад.
Артиши Исроил мутаваҷҷеҳ шуда, ки дар ғиёби нирӯҳои захира, иқдомоти Исроил дар фишори низомӣ бар Ҳизбуллоҳ ва имкони расидан ба тавофуқ осеб мебинад.
Вазъияти нирӯҳои захира дар типи Голании артиши режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ ва шикоёти аъзои ин тип аз кобина ва артиш ишора карда ва гуфт: Онҳо аз мушкилоти иқтисодӣ ва хонаводагии шадиде дар тӯли як солу ними гузашта ранҷ мебаранд ва бархе аз онҳо амалан 250 рӯз ё бештар маҷбӯр ба ширкат дар ҷанг будаанд.
Дар ҳамин росто низомиёни режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигори рӯзномаи Маарив, бо шикоят аз наҳваи бархурди мақомот бо онҳо гуфтанд: Исроилиҳо дар ҷабҳаи шимолӣ аз назари молӣ дар ҳоли суқут ҳастанд, манофеъи тиҷорӣ осеб мебинад, низомиён ҳатто дар дохили хонаҳои худ мушкил доранд ва кобина воқеан аслан ба фикри мо нест.
Артиши Исроил дар остонаи вуруд ба таҳоҷуми заминӣ дар Лубнон 4 лашкарро басиҷ кард ва бахши аъзами нирӯҳоро ягонҳои захира ва нирӯҳои захира ташкил медоданд. Бо идомаи ҷанг теъдоди нирӯҳои артиш дар Лубнон камтар шуд ва бархе рафтанд то таҷдиди қуво кунанд ва дигар барнагаштанд.
Аз тарафи дигар Ноам Тайфон, фармондеҳи собиқи типи шимолии артиши режими ҷинояткори саҳюнистӣ бо ҳушдор дар бораи ғарқ шудани Исроил дар ботлоқи Лубнон ва дур шудан аз ҳадафи бозгардондани оворагон ба шаҳракҳои шимолӣ эълом кард: Исроил ниёз ба тавофуқи оташбас бо Лубнон дар сареътарин замони мумкинро дорад.
Дар ҳоле, ки Ҳизбуллоҳ ҳамчунон ба ҳамалоти мушакӣ ва паҳподии худ ба умқи мавозеъи саҳюнистҳо дар Фаластини ишғолӣ ва ворид кардани талафоти маргбор ба низомиёни артиши ишғолгар дар ҷануби Лубнон идома медиҳад ва дар баробари шурути Исроил дар оташбас таслим нашуда, ин генерал саҳюнистӣ гуфт: Исроил натавонист мустақиман аз террори шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ суде бибарад ва дастоварде ҳам, ки бо ин террор касб шуда буд, аз байн рафт.
Ноам Тайфон дар гуфтугӯ бо шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ таъкид кард, ки Исроил дар нуқтае муайян шурӯъ ба фурӯ рафтан дар ботлоқи Лубнон карда ва аз ҳадафи бозгашти амни исроилиҳо ба шимол, дӯр хоҳад шуд. Иттифоқе, ки акнун рух дода як ҷанги фарсоишӣ барои Исроил бо хисороти фаровон аст.
Вай хотирнишон кард: бидуни таъмини амният, исроилиҳо ба шаҳракҳои шимолӣ боз нахоҳанд гашт ва бозгашти онҳо мусталзими вуҷуди як ягони ҳиросатии муҷаҳҳаз барои ҳар шаҳрак аст. Артиш дар инҷо ниёз ба як лашкари маъмулӣ ва ду лашкари захира дорад, ки амалан муодили 10 ҳазор нирӯ аст. Ба ҳама касоне, ки хостори идомаи ҷанг бо Лубнон ҳастанд, мегӯям, ки камарбанди амниятӣ, ботлоқи Лубнон ва поёни як ҳафта бо куштаҳои фаровон дар типи Голанӣ ва дигар типҳо дар ҷабҳаи шимолиро ба ёд дошта бошанд, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон ва нирӯҳои ӯ чӣ балое бар сарми мо оварданд.
 https://tajikpress.com/2024/11/19/

captcha