Ба гузориши ТоҷикПресс, “Аз 135 ҳазор хайма 100 ҳазор хайма бинобар фарсудашавӣ фавран иваз кардан лозим аст.” Дар ин бора дафтари иттилооти ҳукуматӣ дар навори Ғазза дар остонаи фаро расидани фасли сармо хабар дод.
Паноҳҷӯёни фаластинӣ хаймаҳои худро аз чӯбу нейлон ва матоъ сохтаанд, ки дар тӯли беш аз як соли оворагӣ, ҷо ба ҷоии доимӣ ва шароити ғайриинсонӣ бар асари гармои офтоб ва ҳавои Ғазза комилан тахриб шудаанд.
Аз ҷанги Ғазза 410 рӯз мегузарад. Ҳарчанд тибқи тақвим, мавсими зимистон ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо ин тирамоҳи охири Ғазза ҳадди ақал сардии шадиди зимистонро надорад.
Дар сояи идомаи ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи навори Ғазза ва наслкушӣ, борони шадид дарду ғами паноҳандагони фаластиниро дар навори Ғазза афзоиш додааст.
Шаби гузашта бар асари борони шадид хаймаҳои гурезаҳои фаластинӣ дар чанд минтақа зери об монданд.
Шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои хаймаҳои зери об дар варзишгоҳи Ярмук дар шаҳри Ғазаро нашр карданд ва аз сардӣ, густариши бемориҳои сироятӣ, набуди таҷҳизоти гармидиҳӣ ва камбуди ғизову дору барои паноҳандагони фаластинӣ хабар доданд.
Тор Венсланд, ҳамоҳангсози вижаи СММ дар умури сулҳи Ховари Миёна низ имрӯз дар Нишасти Шӯрои Амният ҳушдор дод, ки вазъи башарӣ дар Ғазза бо фарорасии зимистон фалокатбор аст.
Созмони Милали Муттаҳид борҳо аз сар задани гуруснагии ногузир дар ин навор дар остонаи фасли сармо ҳушдор дода ва таъкид кардааст, ки мизони кумакҳои байналмилалӣ вориди Ғазза дар тӯли сол ба поинтарин сатҳи худ расидааст.
Аммо бо сард шудани ҳаво ва наздик шудани зимистони дуюм аз оғози ҷанг дар Ғазза, паноҳандагони фаластинӣ барои сипарӣ кардани зимистон ва зинда мондан аз ҳеҷ талоше даст намекашанд.
Чанд ҳафта пеш хабаргузории Ройтерз гузориши ҳайратангези паноҳҷӯёни фаластиниро дар бораи талош барои гарм мондан дар фасли сармо дар наздикии соҳили ноҳияи Ал-Мавосии ХонЮнис мунташир кард, ки нишон медиҳад, шуморе аз паноҳҷӯёни фаластинӣ барои дигарон бо кӯрпа либос медӯзанд.
Недо Атия 31-сола ҳамроҳи чанд нафари дигар аз фаластиниҳо либосҳоро андоза мегиранд, мебуранд ва медӯзанд. Ҳамаи қадамҳои ин дӯзандагӣ комилан дастӣ иҷро карда мешаванд. Аз сабаби нарасидани кувваи барк ва тачҳизот онҳо бо истифода аз педали дучарха, ки ба мошинҳои дарздузиашон бо тасма пайваст карда шудаанд, кувваи барқ истеҳсол мекунанд.
https://tajikpress.com/2024/11/19/