Ба гузориши манобеи хабаргузории Ирландия, Саймон Ҳаррис, нахуствазири Ирландия эълом кард, ки агар Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва Ёав Галлант, вазири пешини ҷанг ба қаламрави Ирландия ворид шаванд, пулиси Ирландия онҳоро боздошт хоҳад кард.
Ин изҳороти нахуствазири Ирландия баъд аз содир шудани ҳукми боздошти нахуствазир ва вазири собиқи ҷанги режими саҳюнистии Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ (Гаага) ба иллати ҷиноятҳои ҷангӣ куштани занон ва кӯдакони мазлуми Навори Ғазза содир шудааст.
Рӯзи ҷумъа сарвазири Ирландия дар посух ба суоли телевизиони миллии ин кишвар, ки оё Нетаняҳу дар хоки Ирландия боздошт мешавад, таъкид кард: Бале, албатта, мо аз додгоҳҳои байналмилалӣ ва иҷрои ҳукми онҳо ҳимоят мекунем.
Вай дар идома афзуд: Мо исрор дорем, ки қавонини байналмилалӣ бояд дар ҳар замон, дар ҳар шароит ва дар ҳама ҷо иҷро шаванд ва афроде, ки дар нақзи қонунҳо масъуланд, афроде, ки ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият анҷом медиҳанд, бояд комилан ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Рӯзи панҷшанбе (1 декабр) Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дастури боздошти Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ва Ёав Галлант, собиқ вазири ҷанги ин режимро содир кард. Сабаби нашри он содир шудани ҷиноятҳои ҷангӣ дар Ғазза аз ҷониби ин ду мақоми режими саҳюнистӣ аст.
Пас аз ин ҳукм, ҳарчанд режими саҳюнистӣ талош дорад, онро рад кунад, аммо ба машрӯъияти Додгоҳи ҷиноӣ ҳамла карда ва талошҳои лоббиро ташдид кардаанд, аммо бисёре аз кишварҳо, ҳатто кишварҳои аврупоӣ ва Амрико, омодагии худро барои иҷрои ҳукм эълон карданд ва “Юсуф Буррел» масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ ҳукми додгоҳро сиёсӣ надонист ва афзуд: Мо бояд қарори ин додгоҳро эҳтиром кунем ва онро иҷро кунем.
https://tajikpress.com/2024/11/23/