IQNA

Шаҳодат дар Қуръон (3)

Муомилаи ширини шаҳид бо Худои Мутаол

18:03 - November 23, 2024
рақами хабар: 2465
ИКНА - Бар тибқи Қуръони Карим шаҳодат як харид ва фуруше аст, ки дар он фарди муҷоҳид бо Худо вориди муомила шуда ва аз ин муомила суди фаровон ба даст меоварад.

Қуръони Карим нигоҳи бисёр зебо ба шаҳодат дар роҳи Худо дорад. Қуръон шаҳодатро танҳо фидокорӣ дар роҳи Худованд намедонад; балки аз он ба як «муомила» таъбир мекунад. Шаҳодат як харид ва фуруше аст, ки дар он фарди муҷоҳид бо Худои вориди муомила шуда ва аз ин муомила суди фаровоне ба даст меоварад.

Дар ояти 111 сӯраи тавба чунин мехонем: «إِنَّ اللَّهَ اشْتَرى‏ مِنَ الْمُؤْمِنينَ أَنْفُسَهُمْ وَ أَمْوالَهُمْ بِأَنَّ لَهُمُ الْجَنَّةَ يُقاتِلُونَ في‏ سَبيلِ اللَّهِ فَيَقْتُلُونَ وَ يُقْتَلُونَ وَعْداً عَلَيْهِ حَقًّا فِي التَّوْراةِ وَ الْإِنْجيلِ وَ الْقُرْآنِ وَ مَنْ أَوْفى‏ بِعَهْدِهِ مِنَ اللَّهِ فَاسْتَبْشِرُوا بِبَيْعِكُمُ الَّذي بايَعْتُمْ بِهِ وَ ذلِكَ هُوَ الْفَوْزُ الْعَظيمُ» ( Тавба/111 ).

Дар ин мисол Худованд худро харидору муъминонро фурӯшанда муаррифӣ карда ва фармояд: «Худованд аз муъминон ҷонҳо ва амволашонро харидорӣ мекунад ва дар баробари ин матоъ, биҳиштро ба онон медиҳад». Ҳамонтавре ки медонем, дар ҳар муомилае панҷ рукни асосӣ вуҷӯд дорад, ки иборатанд аз: харидор, фурӯшанда, коло, қимат ва санади муомила. Худованд дар ин оят ба тамоми ин аркон ишора кардааст: худашро «харидор» ва муъминонро «фурӯшанда», ҷонҳо ва амволи ононро «матоъ» ва биҳиштро «баҳо ва қимат» барои ин муомила қарор додааст. Дар идома Худованд санади муҳкам ва муътабаре барои ин муомила ироа мекунад ва мефармояд: «Ин ваъдаи ҳақе аст бар ӯҳдаи Худованд, ки дар се китоби осмонии Таврот, Инҷил ва Қуръон омадааст».

Бар тибқи фармоиши Худованд, ин муомила бисёр пурсуд аст ва лизои Худованд худ ба муъминоне ки даст ба чунин муомилае бизананд, пешопеш табрик мегуяд : «Бишорат бод бар шумо ба ин муомл‏ае ки анҷом додед ва ин пирӯзӣ ва растгории бузурге (барои шумо) аст».

Албата набояд фаромӯш кард ин муомила барои инсон таъаҳҳуд ва масъӯлият эҷод мекунад ва лизо инсони муъмин бояд дар ин сӯрат, бар аҳди худ бо Худои Мутаол побарҷо бимонад, ҷони худро шуҷоъона ва холисона дар роҳи Худо харҷ кунад ва аз сахтиҳои масир наҳаросад. Қуръони Карим касонеро, ки чунин паймоне бо Худо баста ва ба он пойбанд мемонад, бисёр сутӯда аст: ««مِنَ الْمُؤْمِنينَ رِجالٌ صَدَقُوا ما عاهَدُوا اللَّهَ عَلَيْهِ فَمِنْهُمْ مَنْ قَضى‏ نَحْبَهُ وَ مِنْهُمْ مَنْ يَنْتَظِرُ وَ ما بَدَّلُوا تَبْديلاً» (Аҳзоб/23 ). Ин оят дар замоне нозил шуд, ки дар ҷангҳои Ислом бо ҷабҳаи куфр, бузургоне чун Ҳамза Сайидушуҳадо (а), Ҷаъфар ибни Аби Толиб ва дигар ёрони барҷастае аз Расули Худо (с) шаҳид шуда буданд ва соири асҳоби Расули Худо (с) низ бар аҳди хеш пойдор монда ва нусрати Расули Худо (с)-ро тарк накарданд.

https://iqna.ir/en/news/3490705

 

captcha