Ба гузориши хабаргузориҳои Ироқ, Шайх Муҳаммад Яъқубӣ, аз мароҷеи шиъа дар Наҷафи Ашраф дар суханронии худ дар поёни дарси хориҷаш ҳадафи ҳамлаи корвони шиъа дар шаҳри Параченар дар шимол ва ғарби Покистонро маҳкум кард.
Ҳамчунин аз даргоҳи Худованди Мутаъол барои шаҳидони ин ҳодиса раҳмату мағфират ва беҳбуди осебдидагонро хостор шуд.
Қобили зикр аст, ки рӯзи панҷшанбе гузашта, Покистон шоҳиди як ҳамлаи террористӣ буд, ки автобусҳои зоирони шиъаро дар роҳи Параченар ба Пешовар ҳадаф қарор дода ва беш аз 40 нафарро ба шаҳодат расонданд.