IQNA

Оташбас дар Лубнон; муваффақият ё шикасти Нетаняҳу

22:37 - November 27, 2024
рақами хабар: 2486
ИКНА - Режими саҳюнистӣ муддаӣ аст, ки ба пирӯзӣ дар ҷанги Лубнон расида, аммо нигоҳи дубора ба ваъдаҳои Исроил барои шурӯи ин ҷанг нишон медиҳад, ки Тел-Авив ба ҳеҷ як аз аҳдофи аслии эълом кардаи худ нарасида ва маҷбур аст бахотири шикаст дар майдон, ин аҳдофро аз тариқи оташбас пайгирӣ кунад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, тавофуқи оташбас миёни Ҳизбуллоҳи Лубнон ва режими Исроил дар ҳоле эълом шуда, ки аз як тараф мавонеи зиёде бар сари роҳи як сулҳи пойдор миёни ду тараф вуҷуд дорад. Хусусан он ки бино бар эъломи мақомоти Ҳизбуллоҳи Лубнон, эътимоде ба риояту пойбандии он аз сӯи саҳюнистҳо нест. Зеро саҳюнистҳо собиқаи тулонӣ дар бетаваҷҷӯҳӣ ба тавофуқот ва тааҳҳудоти байналмилалӣ доранд. Аз сӯи дигар бархилофи Ғазза, ҷанг дар ҷануби Лубнон бо суръати боло танҳо пас аз 56 рӯз барои нахустин бор мутаваққиф мешавад.

Агар ҳама чиз ба хубӣ пеш равад ин оташбас қарор аст дасти кам 60 рӯз ба тӯл бианҷомад ва дар ин муддат барои марҳилаҳои баъдии он музокира ва тасмимгирӣ шавад. Кобинаи амниятии Исроил аз соати 16 асри рӯзи гузашта ба вақти маҳаллӣ ташкили ҷаласа дод ва дар як нишасти пуртаниш ниҳоятан оташбас дар ҷануби Лубнонро таъйид кард. Субҳи имрӯз расонаҳои хабарӣ аз оғози расмии оташбас дар Лубнон хабар доданд.

Вазирони ду ҳизби рости ифротии қудрати яҳудӣ ва саҳюнизми мазҳабӣ талоши зиёде барои ҷилавгирӣ аз тасвиби оташбас карданд, вале ҳузури ҳизби умеди ҷадид ба раҳбарии Ҷидъун Сеъар дар кобина боиси таъдили раъйи ин нодонҳо ва пирӯзии ҳаводорони оташбас дар он кобина шуд. То пеш аз ҳузури Сеъар дар кобина ҳар як аз ду ҳизби рости ифротӣ метавонистанд бо таҳдид ба хуруҷ аз кобина, Нетаняҳуро водор ба қабули хостаи худ кунанд.

Тибқи ин тавофуқ ду тараф барои ду моҳ ҷангро мутаваққиф хоҳанд кард ва зарфи муддате 5 ҳазор неруи артиши Лубнон ҳаросат аз амнияти марзҳои муштарак бо Фаластини ишғолиро бар уҳда хоҳанд гирифт. Яке аз мақомоти режими саҳюнистӣ дар ин робита мегӯяд, мушаххас нест ин тавофуқ чиқадар тӯл бикашад, шояд як моҳ ва шояд ҳатто як сол.

Дар ҳамин ростои Бетсалоил Смотрич, вазири дороӣ ва раҳбари ҳизби рости ифротии саҳюнизми мазҳабӣ, ки усулан бо оташбас мухолиф буд, бо эъломи чаҳор шарт мувофиқати худро бо ин тавофуқ эълом кард :

Ҳаргуна хуруҷи неруҳои исроилӣ аз хоки Лубнон, ниёзманди таъйиди кобинаи оддии Исроил бошад.
Роҳбурди таъйини тахаллуфот аз оташбас зарфи 48 соат ба тасвиби кобинаи Исроил бирасад.
Ҳамаи манозили вайрон шуда дар ҷануби Лубнон минтақаи низомӣ эълом шаванд ва бозсозии онҳо мамнуъ шавад ва ниҳоятан ҳаргуна аҳдшиканӣ аз тарафи лубнонӣ мунҷар ба ҳамла ба зерсохтҳои ин кишвар тавассути артиши Исроил шавад.
Оташбас; муваффақият ё иҷбор барои Исроил?

Ду тараф дар ҳоле вориди оташбас мешаванд, ки ба ғайр аз 56 рӯзи ҷанг, Ҳизбуллоҳ беш аз як сол шимоли сарзаминҳои ишғолиро ноамн сохт ва дар ҷараёни ҷанги Ғазза, тамаркузи артиши саҳюнистиро ба шиддат барҳам зад. Беш аз 60 ҳазор нафар аз сокинони ин минтақа дар 50 шаҳрак барои ин муддат ба таври куллӣ берун аз маҳалли сукунати худ зиндагӣ карданд. Ҳамчунин Исроил ночор шуд дар тӯли муддати ҷанг сеяки артиши худро дар шимол омода нигаҳ дорад.

Ҳамчунин пас аз ин ки артиши Исроил расман дар моҳи августи 2024 аз тағйири конуни интиқоли ҷанг ба шимоли сарзаминҳои ишғолӣ хабар дод аслитарин ҳадафи худро бозгардондани амният ба минтақаи шимолӣ ва сипас бозгардондани сокинони ин минтақа эълом карда буд. Аммо воқеият ин аст, ки бо иқдомоти сангини низомӣ натавонист ҳеҷ як аз ин ду ҳадафи роҳбурдие, ки бидуни ақиброндани Ҳизбуллоҳ аз манотиқи ҳошияи марзи муштарак имкон пазир набуд, муҳаққақ созад.

Асосан Исроил ба ҳамин далел буд, ки “табодули оташ” бо Ҳизбуллоҳро пас аз як сол ба “ҷанг” мубаддил кард; зеро аз тариқи ҳамалоти пуртеъдоди партобае (тибқи иддаои артиши Исроил 8 ҳамла дар баробари ҳар як ҳамлаи Ҳизбуллоҳ) ва террори фармондеҳони лубнонӣ муваффақ нашуд, Ҳизбуллоҳро водор ба пазириши итмоми табодули оташ ва сарфи назар аз шарти оташбас дар Ғазза созад ва акнун танҳо роҳи хотимаи табодули оташро пазириши иҷбории оташбас дидааст.

Бо вуҷуди заработе, ки режими саҳюнистӣ аз тариқи кампайни террор ва муттаҳидонаш дар рӯзҳои аввали ҷанг ба муқовимати Лубнон ворид кард,  авҷи онро дар террори шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва дигар шахсиятҳои барҷастаи муқовимати Лубнон шоҳид будем, аммо аз як тараф Ҳизбуллоҳ муддате баъд муваффақ шуд кадри фармондеҳиро тармим карда ва ба даргирӣ идома диҳад то ҳеҷ як аз хостаҳои Исроил аз тариқи амалиёти низомӣ муҳаққақ нашавад. Яъне ҳатто пешравиҳои мақтаъӣ, маҳдуд ва нопойдори заминии артиши режими саҳюнистӣ дар бархе аз манотиқи маъдуд аз ҷануби Лубнон низ натавонист Ҳизбуллоҳро ба ақибнишинӣ водор кунад.

Дар натиҷа шоҳид ин ҳастем, ки ин режими хостори дастёбӣ ба аҳдофи се гонаи мазкур на аз тариқи амалиёти низомӣ, ки аз тариқи музокироти оташбас шудааст. Расидан ба ин ҷамъбандӣ боис шуд бархилофи равияи яксолаи ин режим дар музокироти фарсойишии оташбас дар Ғазза, ки ҳар бор бо зиёдахоҳиҳои Нетаняҳу бенатиҷа мондааст, музокироти оташбас дар ҷабҳаи Лубнон бо суръати хубе ва камтар аз 2 моҳ ба пешрафтҳои муҳимме мунҷар шудааст.

Дар тӯли муддати ҷанг алайҳи Лубнон чандин бор мақомоти исроилӣ иддао карданд ҳудуди 80 дарсад аз қобилиятҳои мушакӣ ва партобаии Ҳизбуллоҳро аз миён бурдаанд, аммо шоҳиди он ҳастем, ки пас аз поёни мавҷи террорҳо алайҳи қувои Ҳизбуллоҳ, ин ҷунбиш бо бозёбии сохторӣ тавонист густараи оташи худ ба шаҳрҳои Исроилро густариш дода ва Тел-Авив ва Ҳайфоро чандин бор ҳадаф қарор дод.

Сатҳи ҳамалоти паҳподӣ ва мушакии Ҳизбуллоҳ низ дар рӯзҳои гузашта шакли физояндае дошт батавре, ки дар тозатарин ҳамалоти паҳподӣ ва мушакӣ беш аз 200 мушакв а партоба дар 50 амалиёт танҳо дар як рӯз алайҳи ин режим истифода шуд ва ниме аз ҷамъияти саҳюнистҳо дар он рӯз дар паноҳгоҳҳо буданд.

Чандин амалиёти паҳподии муваффақиятомез ҳамчунин нишон дод Ҳизбуллоҳ муваффақ шуда дар сатҳи дигаре мунозиаро ба сӯи як мувозинаи ҷадид бикашонад.

Акнун оташбас дар ҳоле иҷро мешавад, ки Исроил дар ҷанг пирӯз нашуда ва дастёбӣ ба аҳдофи худро аз роҳи музокира ва сулҳ дунбол мекунад. Ин амр ба душманони ин режим нишон медиҳад, ки саранҷом пас аз 14 моҳ раванди пешини Исроил барои тадовуми номаҳдуди амалиёти низомӣ дигар муяссар нест ва ба ҳамин далел сатҳи ҷадиде аз осебпазирии Исроил низ ошкор шудааст.

https://iqna.ir/fa/news/4250749

captcha