IQNA

Ҳушдори Шайхи Ал-Азҳар дар бораи сериалҳои арабӣ

9:45 - November 30, 2024
рақами хабар: 2490
ИКНА - Раиси Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср ба унвони қутби олами аҳли суннат бар зарурати тақлид накардани сериалҳои арабӣ аз сериалҳои ғарбӣ таъкид кард ва гуфт, ҳадафи сериалҳои ғарбӣ аз байн бурдани арзишҳои ҷомеа аст.

Ҳушдори Шайхи Ал-Азҳар дар бораи сериалҳои арабӣБа гузорииши ТоҷикПресс, Шайх Аҳмад Тайиб, раиси Ал-Азҳар, дар дидор бо Абдулваҳҳоб Абдурраззоқ, раиси Шӯрои шайхҳои Миср, хостори таваҷҷӯҳи бештар ба мӯҳтавои сериалҳои арабӣ шуд.

Раиси Ал-Азҳар гуфт: “Сериалҳои ғарбӣ комилан бо арзишҳо ва урфу одатҳои динии мо мухолифанд ва кӯшиш мекунанд, ки ақидаҳоеро таблиғ кунанд, ки ба мо шарқиён тааллуқ надоранд.”

Аҳмад Тайиб дар бораи нақши хатарноки сериалҳои ғарбӣ ҳушдор дод ва гуфт: “Мо бояд аз хатари сериалҳои арабие, ки аз сериалҳои ғарбӣ тақлид мекунанд огоҳ бошем, сериалҳои арабӣ бояд дар арзишмандсозии ҷомеа нақши фаъол дошта бошанд ва арзишҳои мусбатро ривоҷ диҳанд.”

Раиси Ал-Азҳари Миср таъкид кард: “Дар зери сояи шароите, ки ҷомеа дар он қарор дорад ба баҳонаи рушд ва тавсеаи бардурӯғ, ҷиноят афзоиш ёфта, арзишҳо ва суннатҳо фаромуш шуда, нақши мактабу маориф ва фарҳангу муассисаҳо дар тарбияи одамон кам шудааст.

https://tajikpress.com/2024/11/28/

captcha