IQNA

Рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагӣ бо миллати Фаластин, фурсате барои огоҳи бахшӣ ва муқобила бо ривоятҳои ҷаълӣ

18:59 - November 30, 2024
рақами хабар: 2496
ИКНА - Кишварҳои саросари ҷаҳон рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластинро дар 29 ноябри ҳар сол гиромӣ медоранд, муносибате ки маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид онро барои таъкид бар ҳуқуқи фаластиниён номгузорӣ кардааст. Ин рӯз фурсате барои огоҳӣ бахшӣ дар бораи ҳақоиқи қазияи Фаластин ва муқобила бо ривоятҳои ҷаълии расонаҳои ғарбӣ дар маврид Фаластиниён аст.

Ба гузориши ИКНА, номгузории рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин, ки тавассути маҷмаъи умумии Созмони Милал анҷом шуда ба 29 ноябри соли 1977 бармегардад.

Дар чорчуби бузургдошти ин муносибат, солона намоишгоҳе дар бораи ҳуқуқи фаластиниён бо ҳамкории намояндагии Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин кишварҳои узв баргузор мешавад.

Имсол намоишгоҳе бо унвон: «Фаластин: буҳрони башарӣ дар Ғазза» дар Созмони Милал баргузор шуд.

Ҳамбастагӣ бо Фаластин, зарурати рӯзмарра

Ин рӯз ёдоварии кӯтоҳи маҷомеи ҷаҳонӣ дар эҳқоқи ҳуқуқи мардуми мазлӯми Фаластин аст. Бо ин ҳол, бо вуҷӯди шикасти тасмимгирандагони сиёсӣ дар ҳали одилона қазияи Фаластин, ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин ба таври мудовим ва бо садои баланд дар калом ва амал тавассути бозигарони ҷомеъаи маданӣ, фаъолони мардумӣ ва ҷунбишҳои байналмилалӣ дар саросари ҷаҳон баён шудааст.

Кунишгарони маданӣ дар сартосари ҷаҳон бо иқдомоте аз қабили кампайнҳои густарда барои дархости поён додан ба муҳосира ва ҷанг дар Ғазза ва поён додан ба опортойди Исроил, таълиқи режими Исроил аз рӯйдодҳои варзишии байналмилалӣ ва ҳимоят аз ҷунбиши бойкут ва таҳрими Исроили мавсум ба BDS талош кардаанд ҳимояти худро аз ҳуқуқи мардумӣ таҳти султаи ишғолгарони саҳюнист нишон диҳанд.

Барои ҳомиёни ормони озодии Фаластин, ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин чизе нест, ки соле як бор таъкид ё баён шавад. Ҳамбастагӣ ба сӯрати рӯзона ва дар зиндагии рӯзмарра иттифоқ меафтад. Бинобар ин аз дидгоҳи онҳо бадбинӣ ва ноумедӣ ҷое надорад. Ин рӯз метавонад ба замоне барои огоҳӣ бахшӣ ва тааммул дар мавриди чигунагии ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин табдил шавад.

https://iqna.ir/fa/news/4251200

captcha