Ба гузориши торнамои Ал-Кафил дар гузорише ба баррасии фаъолиятҳои остони Аббосӣ барои эҳёии нусхаҳои хаттии камёб пардохта аст, ки тарҷумаи он дар идома меояд:
Дар шаҳри Карбалои Муъалло ва дар маркази ҳифз ва нигаҳдории мироси хаттии "Ал-Фазл" ки аз сӯи остони муқаддаси Аббосӣ роҳандозӣ шуда, гуруҳе аз мутахассисон дар сададанд то бархе асноди таърихиро пас аз муддатҳо бетаваҷҷӯҳӣ ва адами муроқибати лозим, эҳё ва бозёбӣ кунанд; як тими фаннии мутахассис, бо иштиёқ ва азми росих дар талошанд то он чӣ аз мироси нодир ва гаронбаҳои таърихии мактаби Аҳли байт (Алайҳимассалом) ва мусулмонони шиъа боқӣ мондаастро эҳё кунанд. Ин меросе аст, ки тайи қарнҳои мутамодӣ дар маърази тахриб ва мафқуд шудан қарор гирифтааст.
Ин марказ яке аз муассисоти камёб ва мунҳасир ба фард дар кишвари Ироқ аст зеро шомили коршиносон ва таҷҳизоти сатҳи болое нисбат ба соири марокиз дар ин кишвар аст.
Маркази "Ал-Фазл" тайи як давраи кӯтоҳи чанд сола муваффақ шуда ҳазорон нусхаи хаттии таърихӣ ва муҳимеро, ки дар маърази нобудӣ буданд, тармим ва муҳофизат кунад.
Таҷҳизоти фаннии пешрафта
Лайси Лутфӣ, мудири маркази ҳифз ва нигаҳдории мероси хаттии "Ал-Фазл" мегуяд: дабирхонаи остони Аббосӣ ба далели аҳамияти вижае ки барои мероси исломӣ қоил аст, лавозим ва таҷҳизоти пешрафтаро барои ин кор фароҳам кардааст. Ҳамчунин дастгоҳҳои фаннии пешрафтаи вижаи мариммат ва пардозиши нусхаҳои хаттии таърихиро аз тавлидкунандагони сатҳи болои аврупоӣ харидорӣ кардааст.
Ба гуфтаи Лутфӣ, остони муқаддаси Аббосӣ ин дастгоҳҳоро аз кишварҳои аврупоии мутахассис дар заминаи мероси торихӣ ворид карда ва васоили ин марказ дар давраҳо ва коргоҳҳои омӯзишии пешрафта дар хориҷ аз Ироқ ширкат мекунанд.
Маркази "Ал-Фазл" шомили се бахши аслӣ аст, ки ҳаркадом ба чанд воҳид тақсим мешаванд; аз ҷумла озмоишгоҳи биологик, озмоишгоҳи шимӣ, бахши мариммат, бахши осори ҳунарӣ ва тазъинӣ, ганҷинаи нусхаҳои хаттӣ, бахши сохти ҷилди локӣ ва чармии барҷаста.
Алӣ Муҳаммад Ҷосим, муовини ин марказ мегуяд: дастгоҳҳои ин марказ аз кишварҳои Олмон, Полша, Чехия ва Ҷопон ва баъзан аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ворид шудааст.
Омӯзиши неруҳо ва табодули таҷрибиёт
Маркази "Ал-Фазл" бо ҳамкории марокиз ва донишгоҳҳои кишварҳои пешрав дар ин замина, неруҳои худро ҷиҳати омӯзиш, ба муассисоти байналмилалии вижаи ҳифз ва нигаҳдории осори бостонӣ ва мероси фарҳангӣ эъзом мекунад.
Ин марказ дар соли 2018 мизбони ду устоди мутахассис дар нусхаҳои хаттӣ аз кишвари Миср барои баргузарии давраи омӯзишии илмӣ буд.
Маркази "Ал-Фазл" пештар низ бо вазорати фарҳанг ва осори бостонии Ироқи қарордоди ҳамкорӣ бо ҳадафи тарбияти неруҳои ҷадид мунъақид карда буд. Дар соли 2023 низ як давраи омӯзишӣ барои коркунони маркази Ал-Итратут-тоҳира дар кишвари Кувайт баргузор кард.
Гаронбаҳотарин нусхаҳои хаттӣ
Устод Алӣ Муҳаммад Ҷосим, муовини маркази "Ал-Фазл" гуфт: ганҷинаи остони муқаддаси Аббосӣ шомили нусхаҳои хаттии бисёр нафис ва камёб аст, ки баҳое наметавон бар онҳо гузошт. Дар канори нафистарин мусҳафҳои ин ганҷина, мусҳафи Имоми Саҷҷод (а) низ вуҷӯд дорад, ки бар рӯи пӯст навишта шуда аст.
Ин мусҳафи шариф дорои 16 сафҳа аз пӯст оҳу аст, ки дар соли 2003 дар миёни амволи остони Аббосӣ пайдо шуд. Коршиносон қидмати ин мусҳафро беш аз 1200 сол тахмин мезананд.