IQNA

Тайи сафаре ба Карбалои Муалло;

Ҳамоҳангӣ ҷиҳати баргузарии ҳафтумин давраи рақобатҳои «Шавқи тиловат» анҷом шуд

18:22 - December 01, 2024
рақами хабар: 2502
ИКНА - Намояндагоне аз маркази умури қуръонии остони Қудси Разавӣ ба манзури ҳамоҳангиҳои лозим ҷиҳати баргузарии ҳафтумин давраи рақобатҳои қуръонии «Шавқи тиловат» ба Карбалои Муалло эъзом шуданд.

Ба гузориши ИКНА, намояндагоне аз маркази умури қуръонии устони Қудси Разавӣ ва дар раъси онҳо Ҳусайни Муқддамикиё, дабирикулли тарҳи миллии тиловати Шабобурризо дар пайи азимат ба Карбалои Муалло ҳамоҳангиҳои лозим ба манзури баргузарии ҳафтумин давраи рақобатҳои қуръонии «Шавқи тиловат»-ро ба анҷом расонданд.

Дар ин сафари ҳайати намояндагии маркази умури қуръонии остони Қудси Разавӣ бо шайх Хайриддини Алии Ҳодӣ, раиси Дорул-Қуръонил-карими Атбаи Ҳусайнӣ дидор ва гуфтугӯ карданд, ки дар пайи он аз пустери ҳафтумин давраи рақобатҳои қуръонии «Шавқи тиловат» низ рунамоӣ ба амал омад.

Ёдовар мешавад, фароянди ҳафтумин давраи рақобатҳои қуръонии «Шавқи тиловат» бо ирсоли файли тасвирии тиловати мутақозиён оғоз шуд ва қарор аст марҳалаи ниманиҳоии ин давра пас аз арзёбии файлҳои тасвирӣ дар ҷазираи Киш баргузор шавад то пас аз он шоҳиди барпоии марҳалаи ниҳоии ин давра аз рақобатҳо дар Карбалои Муалло бошем.

https://iqna.ir/fa/news/4251391

captcha