IQNA

Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ раҳбари террористҳои Таҳрир-уш-шом кист? + акс

18:31 - December 01, 2024
рақами хабар: 2504
ИКНА - Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ яке аз аъзои барҷастаи гуруҳҳои террористӣ дар Сурия аст, ки ба унвони раҳбари гуруҳи террористии "Таҳрир-уш-шом" (HTS) шинохта мешавад.

Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ раҳбари гуруҳи террористии “Таҳрир-уш-шом” (HTS) дар Сурия аст, ки номи аслии ӯ Аҳмад Ҳусайн Аш-Шаръ аст.

Зиндагӣ ва пешинаи Ал-Ҷулонӣ

Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ дар даҳаи 1980 дар Сурия мутаваллид шуд. Ӯ дар ҷавонӣ ба гуруҳҳои террористӣ пайваст ва дар Ироқ дар канори Ал-Қоида ва дигар гуруҳҳо фаолият дошт.

Пеш аз шаклгирии Ҷабҳатун-нусра (шохаи сурии Ал-Қоида), Ал-Ҷулонӣ дар ҷангҳо алайҳи неруҳои эътилоф ба раҳбарии Амрико ҳузур дошт. Ӯ ҳамчунин аз наздик бо Абумасъаб Ал-Зарқовӣ (раҳбари Ал-Қоида дар Ироқ) иртибот дошт.

بمباران شدید ادلب و اخبار تأیید نشده از هلاکت ابومحمد الجولانی + عکس

Ахбори зидду нақиз дар хусуси ҳалокати Ал-Ҷулонӣ

Бархе аз расонаҳои меҳвари муқовимат гузориш доданд, ки хабарҳое аз ҳамлаи ҷангандаҳои артиши Русия ва Сурия ба маҳали истиқрори «Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ» фармондеҳи гуруҳи террористии Ҷабҳатун-нусра ки имрӯза ба “Таҳрир-уш-шом” шинохта мешавад ба гӯш мерасад.

Бархе расонаҳо низ дар гузориши таъйид нашуда муддаӣ шуданд, ки ба ҳамроҳи Ал-Ҷулонӣ, афсарони аршади иттилооти Туркия ва Украина низ дар маҳалли бомбаборон ҳузур доштанд.

Аз сӯи дигар, манобеи хабарии Русия гуфтаанд, ки мақарри фармондеҳии маркази террористии Ҷабҳатун-нусра дар Идлиб, ки гумон меравад Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ раҳбари он низ дар онҷо будааст, бомбаборон шудааст ва ба ҳалокат расидааст.

Ин манобеи хабарӣ афзуданд: он чи ба номи дафтари амниятии ҳайати Таҳрир-уш-шом хонда мешавад, як камарбанди амниятии шадид дар атрофи мақарри тахриб шуда ба вуҷуд оварда ва аз вуруди аносири ин гуруҳи террористӣ ва ғайри низомиён ба ин макон худдорӣ кардааст.

Шабакаҳои хабарии Ироқ низ ба нақл аз як мақоми амниятии баландпоя дар Димишқ, ки ба номаш ишора накард, афзуд: дақоиқи пеш, кушта шудани Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ раҳбари гуруҳаки террористии Ҷабҳатун-нусра, ки имрӯза ба “Таҳрир-уш-шом” шинохта мешавад, дар ҳамалоти муштаракии Сурия ва Русия таъйид шудааст.

Токунун гуруҳи террористии Ҷабҳатун-нусра ё ҳамон  “Таҳрир-уш-шом” вокунише нисбат ба ахбори мунташир шуда дархусуси кушта шудани раҳбари худ надошта аст.

Фаолиятҳои Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ раҳбари террористҳои “Таҳрир-уш-шом”

Фаолият дар Сурия

Пас аз оғози ҷанги дохилии Сурия дар 2011, Ал-Ҷулонӣ ба Сурия бозгашт ва дар соли 2012 Ҷабҳатун-нусраро таъсис кард. Ин гуруҳ ба унвони шохае аз Ал-Қоида фаъолияти худро оғоз кард ва дар ҷанги алайҳи давлати Башор Асад нақши муҳимме ифо кард.

Дар соли 2016, Ҷабҳатун-нусра равобити худро бо Ал-Қоида қатъ кард ва номи гуруҳи террористии худро ба гуруҳи “Таҳрир-уш-шом” тағйир дод. Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ ҳамчунон раҳбарии ин гуруҳро бар уҳда дорад.

Ҷойгоҳи Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ  дар ҷанги Сурия

Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ ба унвони яке аз неруҳои калидии террористӣ дар ҷанги дохилии Сурия шинохта мешавад ва нақши барҷастае дар таҳаввулоти шимоли Сурия ва ба вижа дар Идлиб ифо кардааст.

Таҳрир-уш-шом ба раҳбарии Ал-Ҷулонӣ тавониста аст дар манотиқе монанди Идлиб, нуфуз ва кантроли қобили таваҷҷӯҳе пайдо кунад ва ҳатто дар бархе маворид бо гуруҳҳои дигари мухолиф ва давлати Сурия даргир шудааст.

Равобит ва идеологияи Абумуҳаммад Ал-Ҷулонӣ

Агар чӣ “Таҳрир-уш-шом” худро аз Ал-Қоида ҷудо карда аст, аммо бисёре аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Ал-Ҷулонӣ ва гуруҳаш ҳамчунон аз назари идеология ба усул ва аҳдофи террористӣ наздик ҳастанд.

Иллати талоши “Таҳрир-уш-шом” барои тасарруфи Ҳалаб

Шаҳри Ҳалаб яке аз қадимитарин ва таърихитарин шаҳрҳои Сурия аст. Вусъати калоншаҳри Ҳалаб, ҳатто аз Димишқ  пойтахти кишвари Сурия низ бештар аст. Фосилаи байни Ҳалаб то Димишқ, 350 километр аст ва аз ин ҷиҳат гуруҳҳои террористӣ саъй дар тасарруфи онро доранд.

https://iqna.ir/fa/news/4251469

captcha