Ҳуҷҷатул-ислом Алирзо Қубодӣ, ҷомеашинос ва коршиноси дин, ба муносибати айёми шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) силсила ёддоштҳое дар ихтиёри ИКНА қарор додааст, ки шашумин бахши онро дар идома бо ҳам мехонем.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар бахши чаҳорум аз хутбаи Аёдат, ибтидои ояти 96 сураи Аъроф ва сипас бахше аз ояти 51 сураи Зумарро бо ҳам ва дар идомаи якдигар қироат карданд. Қабл аз он ки аз ҳикмати чунин истинод ва заминаи бофтори оёт дар Қуръони Карим сухан гуфта шавад, лозим аст монанди соири гуфторҳо, ибтидо ба мазмуни ин бахш аз хутбаи ҳазрат ишора шавад.
Ин бахш тӯлонитарин бахши хутбаи Аёдат аст ва ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ба ду мавзӯи муҳимми зер дар ин бахш аз хутба ишора карданд. Аввал иллати ҳамроҳӣ накардани Муҳоҷир ва Ансор бо имом Алӣ (а) ё ба истилоҳ нақди (айбҷӯӣ), ки онҳо ба имом Алӣ (а) доштанд; Он ҳазрат фармуданд Муҳоҷир ва Ансор дар панҷ маврид аз ҷумла ба ҷидияти имом Алӣ (а) дар умур ва талоши бисёр зиёди ӯ дар роҳи ризои илоҳи мӯътариз буданд.
Дувум коркардҳо, манофеъ ва фавоиди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии имомат ва заомати имом Алӣ (а) дар сурате, ки раҳбарии ҷомеаро ба ӯҳда мегирифтанд.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар бораи бархурдорӣ аз бахше аз судмандиҳо ва баракоти фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҳукуматдорӣ ва ҳукмронии Абулҳасан (а) дар ҳавзаҳои мухталиф ба тафсил сухан гуфтанд ва дар бахши поёнии хутба фармуданд: Агар ӯ (имом Алӣ (а)) дар маҳалли хилофат менишаст, ҳаргиз сарвати дунявиро барои худ қарор намедод ва аз он баҳраи фаровонӣ, ҷуз ба андозаи фурӯнишондани ташнагӣ ва рафъи гуруснагӣ аз он бар намедошт ва ба онон мешиносонд то байни зоҳид ва дунёпараст ва ростгӯ ва дуруғгӯ ташхис диҳанд.
Сипас ба ду ояти зер истинод фармуданд, ки тарҷумаи он чунин аст: «Чунон чи аҳли шаҳрҳо ва ободиҳо имон меоварданд ва парҳезкорӣ пеша мекарданд, яқинан баракот аз осмон ва заминро бар онон мегушудем; Аммо такзиб карданд, мо ҳам ононро ба аъмоле, ки ҳамвора муртакиб мешуданд кайфар додем». Сипас бахше аз ояти 51 сураи Зумарро низ тиловат карданд, ки тарҷумаи он чунин аст: «Ва ситамкорон аз ин мардум низ ба зудӣ кайфари кирдори бадашонро хоҳанд ёфт ва ҳаргиз аз қаҳр ва қудрати Худо раҳоӣ намеёбанд».
Дар идома бояд гуфт ҷомеътарин ва комилтарин паёми тавҳидӣ ва ахлоқии ҳазрати Шуайб (а) дар сураи Аъроф омадааст. Аввалин паёми ҳазрати Шуайб (а) дар ин сура худопарастӣ аст, сипас қавмашро ба вафои дар мизон ва паймона, кам фурӯшӣ накардан, фасод накардан ва камин накардан дар роҳи мардум сифориш карданд.
Ҳамчунин ба муъминони қавми худ тавсия карданд то барои гурӯҳи дигаре, ки ҳанӯз имон наёварданд, сабр пеша кунанд то Худованд миёнашон доварӣ кунад, аммо насоеҳ ва хайрхоҳии Шуайб дар дили саркашони қавмаш асар накард ва дучори азоби илоҳӣ шуданд сипас ҳамин бофтор, чанд суннати муҳимми илоҳӣ аз ҷумла ҳамин суннате, ки ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар хутба ба он истинод карданд омадааст, ки: чунон ки мардум имон оварда ва тақво пеша мекарданд, баракоти илоҳӣ ба сӯи онҳо гушуда мешуд; Аммо мардум такзиб карданд ва он чи мутаносиби амалашон буд, кайфар диданд.
Ояти дигари истинод шуда дар хутба, ояти 51 сураи Зумар аст. Дар ин бофтор пас аз он ки дар бораи «бадо» ба маънои ошкор шудани умур ба ситамгарон ишора шуд, кайфари кирдори бади ситамгарон ва адами раҳоии онон аз қаҳр ва қудрати Худованд, ёдоварӣ шуд(ояти истинодӣ) сипас ба бозгашт ва тавба ба сӯи Худованд қабл аз нузули азоби илоҳӣ фармон дода шуд. Пас аз он ба натоиҷи бетаваҷҷӯҳӣ ба чунин фармоне аз ҷумла ҳасратҳои фаровони он ёдоварӣ шуд, ба вижа он ки дар рӯзи қиёмат касе нагӯияд: Эй кош дар итоати илоҳӣ кӯтоҳӣ накарда будам!.
Ин ду сура ҳар чанд дар ду бофтори ҷудогона бо муҳтаво ва мазомини мухталиф омадааст; Аммо дар кайфари дидани золимон бо якдигар иштирок доранд. Ду ояти мазбур ва мазмуни хутба пайванди миёни онҳоро нишон медиҳад, ки рӯгардонии Муҳоҷир ва Ансор аз имомати имом Алӣ (а) аз ҷумла масодиқи асосии носипосӣ ба неъмати илоҳӣ, бастани дарҳои раҳмати ҳақ ва баракоти Худованд ва амали мустаҳиққи кайфари шадиде аст ва ҳасратҳои ҷуброн нопазире ба думбол дорад ва албатта ҳақиқати аъмоли Муҳоҷир ва Ансор низ ба зудӣ бар онон равшан мешавад. Чӣ иблоғ ва инзоре расотар аз истинод ба оёти Қуръон бо чунин мазомин ва мӯҳтавое метавон барои мардуме, ки ҳам асри нузули Қуръон зиндагӣ мекарданд ва зоҳиран каломи илоҳиро сарлавҳаи зиндагияшон қарор медоданд. Метавон пайдо кард, ки ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар охирин рӯзҳои ҳаёти муборакашон барои ҳамаи таърих ба ёдгор гузоштааст.