IQNA

Омодабоши Тел-Авив дар пайи таҳаввулоти Сурия

21:40 - December 07, 2024
рақами хабар: 2534
ИКНА - Гузоришҳои расонаҳои режими саҳюнистӣ аз омодабоши ин режим дар пайи таҳаввулоти сиёсӣ ва низомии Сурия ҳикоят доранд.

Ба гузориши хабаргузории Алҷазира, шабакаи 14 телевизиони режими саҳюнистӣ ба нақл аз манобеи сиёсӣ гузориш дод, ки ин режим бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти сиёсӣ ва низомии Сурия дар болотарин сатҳи омодабош ба сар мебарад.

Дар идомаи ин гузориш омадааст, кобинаи ҷанги режими саҳюнистӣ ба сурати ғайри одди себор тайи серӯз дар хусуси таҳаввулоти Сурия нишаст баргузор кардааст.

Як пойгоҳи хабарии саҳюнистӣ низ гузориш дод, ки ҳазорон низомии саҳюнистӣ бино ба дастури шумораи ҳашт (мавориди изтирорӣ) ба сурати фаврӣ ба баландиҳои ишғолии Ҷавлони Сурия эъзом шудаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки террористҳои мустақар дар Сурия аз ҳимоятҳои комили давлатҳои хориҷӣ ва дар раъси онҳо Амрико ва режими саҳюнистӣ барои барҳам задани саботи минтақа ва таҷзияи Сурия бархурдор ҳастанд.

Нақшаи Ғарб барои таҷзияи Сурия; Ҳазорон террорист аз зиндонҳои Сурия фирор кардаанд

Содиқи Абдуллоҳ яке аз раҳбарони эътилофи Фатҳи Ироқ таъкид кард, ки ҳазорон террористи дорои тобеиятҳои ҳафт кишвари мухталиф аз зиндонҳои Сурия фирор кардаанд.

Вай афзуд: ин амалиёт баъд аз ҳамлаи аносири террористӣ ба зиндонҳои гуфта шуда сурат гирифт. Таҳаввулоти мазкур ба сурати мустақим амнияти кишварҳои минтақа ба вижа Ироқро таҳдид мекунад.

Содиқи Абдуллоҳ тасреҳ кард: терроризм чизе ҷуз аҳруми фишор дар дастони кишварҳои ғарбӣ барои таҳаққуқи манофеи худ дар минтақа нест. Ҳеҷ иттифоқе дар сояи ҳимояти густурдаи пул ва силоҳ ба самти ин аносири террористӣ дар Сурия баид нест.

Вай баён кард: таҳаввулоти Сурия дар чорчуби як нақшаи байналмилалӣ барои таҷзияи ин кишвар ва тазъифи ниҳодҳои расмии он ва эҷоди фитнаҳои нажодӣ мегунҷад.

Як масъули саҳюнистӣ, ки ҳувияташро фош накард дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “The Times of Israel” эътироф кард, ки манофеи режими саҳюнистӣ дар ташдид ва тадовуми даргириҳои кунунӣ дар Сурия аст.

Вай изофа кард, комилан мушаххас аст, ки як тарафи даргириҳо неруҳои салафӣ ва тарафи дигар неруҳои муқовимат ҳастанд; Тел-Авив мехоҳад онҳо якдигарро тазъиф кунанд.

Ин масъули саҳюнистӣ таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ барои ҳар сенарияе омодааст.

Ин дар ҳоле аст, ки террористҳои мустақар дар Сурия аз ҳимоятҳои комили давлатҳои хориҷӣ ва дар раъси онҳо Амрико ва режими саҳюнистӣ барои барҳам задани саботи минтақа ва таҷзияи Сурия бархурдор ҳастанд.

Вуруди неруҳо ва таҷҳизоти кумакии пуршумори артиши Сурия ба Ҳамо

Вазорати дифои Сурия рӯзи сешанбе эълом кард, неруҳо ва таҷҳизоти кумакии бисёре барои тақвияти неруҳои ҳозир дар хутути мақдаму муқобила бо ҳаргуна ҳамлаи эҳтимолӣ аз сӯи гурӯҳакҳои террористӣ ба шаҳри ҳамо расидааст.

Гуруҳҳои террористӣ аз чаҳоршанбеи гузашта бо ҳимояти бархе аз кишварҳо ва вуруди неруҳои тозанафаси хориҷӣ, пас аз оташбас миёни Лубнону Исроил, иқдом ба ҳамлаи густарда ба мардуму мавозеъи артиши Сурия дар манотиқи шимолӣ ва ғарбии ин кишвар карданд.

Ҳамлаи ишғолгарони амрикоӣ ба артиши Сурия

Ба гузориши Тобнок  генерал Патрик Райдер, сухангуи вазорати дифои Амрико эълом кард, рӯзи сешанбе дар шарқи Сурия, ҳавопаймоҳои амрикоӣ шуморе аз таҷҳизоти низомии Сурия, аз ҷумла тубсавор бар мошин (мошини ракетандоз) ва як танкро мунҳадим карданд. Ҳамлаи Амрико ба артиши Сурия ва неруҳои мардумии ин кишвар дар ҳоле анҷом мешавад, ки террористҳо акнӯн дар Ҳалаб, Идлиб ва манотиқе дар шимоли ғарбии Сурия дар ҳоли ҳамла ба мардум, зерсохтҳо ва мавозеъи артиши ин кишвар ҳастанд.

https://tajikpress.com/2024/12/07/

captcha