ИКНА - Бар асоси видеоҳои мунташир шуда, гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Сурия иқдом ба ҳамла ба ҳарами ҳазрати Зайнаб (с) ва ғорати асосияи ин ҳарам кардаанд.

Ба гузориши канали Телеграми Собирин, бо интишори чанд видео аз ҳамлаи шӯришиён ба ҳарами ҳазрати Зайнаб (с) дар Димишқ ва ғорат ва сирқати асосияи ин ҳарами мутаҳҳар хабар дод.
Ин дар ҳоле аст, ки шӯришиёни ҳоким бар Сурия муддаӣ буданд, ки ба ҳарами ҳазрати Зайнаб (с) беэҳтиромӣ нахоҳанд кард.