IQNA

18:50 - December 17, 2024
рақами хабар: 2588
Раҳбари муаззами инқилоб дар мулоқот бо ҳазорон бону:

Бонувон аз усулҳои нармафзории душман ҳушёр бошанд

ИКНА - Раҳбари муаззами инқилоб субҳи имрӯз дар мулоқот бо гурӯҳе аз қишрҳои гуногуни бонувони саросари кишвар, бо изҳор доштани ин ки ҳазрати Заҳро (с) намунаи ҷовидонаи зани мусулмон аст, фармуданд: "Бонувон бояд аз усулҳои нармафзории душман ҳушёр бошанд ва фирефтаи шиорҳо ва васвасаҳо нашаванд."

Бонувон аз усулҳои нармафзории душман ҳушёр бошанд

  •  
    • Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, дар остонаи солрӯзи вилодати ҳазрати Заҳро (саломуллоҳи алайҳо), ҳазорон зану духтар субҳи имрӯз, сешанбе, бо раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.Фишурдаи суханронии ишон чунин аст:Ҳазрати Заҳро (с) намунаи ҷовидонаи зани мусулмон дар ибодат, сиёсат, тарбия ва зиндагӣ аст.Ҳама, бахусус бонувон, бояд аз усулҳои нармафзории душман огоҳ  бошанд ва фирефтаи шиорҳо ва васвасаҳо нашаванд.Тасаввури Амрико, режими саҳюнистӣ ва бархе аз муттаҳидони онҳо мабнӣ бар поёни муқовимат комилан ғалат аст. Он касе, ки решакан хоҳад шуд, Исроил аст.  

    https://iqna.ir/fa/news/4254647

captcha