Ба гузориши ТоҷикПресс, ҷангидҳои артиши Исроил як воҳиди истиқоматӣ дар навори Ғаззаро ҳадафи ҳамла қарор доданд, ки дар натиҷаи он 10 фаластинӣ ҷони худро аз даст доданд.
Ба гуфтаи шоҳидон ва манобеи тиббӣ, дар натиҷаи ҳадафгирии воҳиди истиқоматии ин оилаи овора тавассути Исроил 10 нафар, аз ҷумла занон ва кӯдакон, ба шаҳодат расиданд.
Шоҳидон инчунин гуфтанд, ҳамлаҳои Исроил ба беморхонаи Камол Адван дар шимоли Ғазза низ идома дорад.
Беш аз 10 бомба тавассути ҳавопаймои бесарнишин ба минтақаҳои беморхона партофта шудааст ва бар асари ин таркишҳо, дар як бинои беморхона оташсӯзӣ ба вуҷуд омадааст.
Ҳамчунин се робот ва бочкаи пур аз маводи тарканда дар атрофи беморхона ҷойгир карда шудааст.
https://tajikpress.com/2024/12/19/