IQNA

Тахриби хонаҳои мусулмонон дар Ҳинд бо баҳонаи дуздии барқ

23:19 - December 20, 2024
рақами хабар: 2606
ИКНА - Дар иёлати Уттар-Прадеш мақомоти маҳаллӣ бо баҳонаҳои гуногун ба озору азияти мусулмонон идома медиҳанд.

Тахриби хонаҳои мусулмонон дар Ҳинд бо баҳонаи дуздии барқБа гузориши хабаргузории Ал-Ҷазира, мусулмонони шаҳри Самбал, воқеъ дар иёлати Уттар-Прадеши шимолии Ҳинд, пас аз як ҳодисаи хушунатомез, ки бар асоси дастури суд барои таҳқиқ бо ҳадафи тахриби масҷиди таърихие дар ин шаҳр рух дод, аз он шикоят доранд, ки мақомоти маҳаллӣ чораҳои ҷазоӣ алайҳи мусулмононро дар ин минтақа идома медиҳанд.

Таҳқиқот дар мавриди ин масҷид баъд аз он оғоз шуд, ки ҳиндуҳои ифротӣ иддао карданд, масҷид бар харобаҳои маъбади ҳиндуӣ сохта шудааст, ки тахминан панҷ аср пеш тахриб шудааст.

Мусулмонони шаҳри Самбал, воқеъ дар 160-километрии шарқи Деҳлии Нав, пойтахти Ҳинд, эълом карданд, ки мақомоти маҳаллӣ таҳти раҳбарии Ёоги Адитянат, ки ҳафт сол аст раҳбарии ин иёлатро бар ӯҳда дорад, чораҳои сахтгирона алайҳи онҳо, аз ҷумла дастгир кардани имомхатиби як масҷид ба далели азон гуфтан аз тариқи баландгӯяк ва тадбирҳои сахтгирона бо баҳонаи қонуншиканиҳои сохтмонӣ, роҳандозӣ кардаанд.

Дар ин замина, мусулмонони ин шаҳр дар гуфтугӯ бо Ал-Ҷазира таъкид карданд, ки вазъ пас аз кушта шудани чор мусулмон дар моҳи гузашта аз сӯйи полис, ҳанӯз ноором боқӣ мондааст. Ин ҳодиса замоне рух дод, ки ҳиндуҳои шаҳр хостори таҳқиқот дар мавриди масҷиди таърихии Шоҳӣ шуда, иддао карданд, ки он бар харобаҳои маъбади ҳиндуӣ бино шудааст.

Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои полис пас аз боздошти як имомхатиб ба далели азон гуфтан, иддао карданд, ки ин иқдом мувофиқи қонунҳои марбут ба ифлосии садо анҷом шудааст, зеро бар асоси қонун истифода аз баландгӯяк дар маконҳои мазҳабӣ манъ аст.

Бисёре аз мусулмонон ин иқдомҳоро талошҳои қасдона барои озор, таҳдид ва канор задани онҳо аз ҷомеа таҳти баҳонаи иҷрои қонун медонанд.

Муҳаммад Ҳакимуддин, ки борҳо барои кӯмак ва ҳимоят аз хонаводаи қурбониён аз шаҳри Самбал дидан кардааст, дар изҳороте таъкид намуд, ки мусулмонон дар ин шаҳр дар ҳолати изтироби шадид ба сар мебаранд, зеро бозрасиҳо ва таҳқиқот алайҳи онҳо идома дорад.

Вай зикр кард, ки бисёре аз мусулмонон ба далели иттиҳоми дуздии барқ ҷарима шудаанд ва хонаҳои бархе низ бо баҳонаи он ки бидуни иҷозатнома сохта шудаанд, тахриб шудаанд.

https://iqna.ir/fa/news/4254987

captcha