Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин дар ҷавоб ба ҳамлаи ракетавии Яман ба Тел-Авив, ки боиси захмӣ шудани камаш 30 саҳюнист шуд, эълон кард, ки шуҷоъати яманиҳо дар ҳимояи Фаластин сабаби ифтихор ва мубоҳат барои ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон аст.
Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин илова кард, ки ҳамлаҳои қаҳрамонони Яман ба ҳадафҳо дар Исроил, аз ҷумла ҳамлаи субҳи имрӯз ба дили Тел-Авивро табрик мегӯяд.
Кумитаҳои Муқовимати Фаластин низ изҳор доштанд, ки зарбаҳои мубораки Яман, шикасти бузурге барои режими саҳюнистӣ дар расидан ба ҳадафҳои худ ва ноқобилӣ дар рӯбарӯ шудан бо ракетаҳои даққиқи Яман мебошад, ки шикастапазирии системаҳои амниятӣ ва низомии онро ошкор мекунад.
Кумитаҳои Муқовимати Фаластин изҳор доштанд, ки идомаи ҳимояи Яман ва шиддат бахшидани ин амалиётҳо, ҳисобҳои саҳюнистҳоро вайрон карда ва дурӯғ будани дастовардҳоеро, ки роҳбарони режими ишғолгар даъво мекарданд, ошкор сохтааст.
Қувваҳои мусаллаҳи Яман имрӯз эълон карданд, ки шаҳри ишғолшудаи Яффо (Тел-Авив)-ро бо ракетаи балистикии фавқулодда суръат ҳадаф қарор додаанд. Расонаҳои режими саҳюнистӣ ба захмӣ шудани камаш 18 нафар дар ҳамлаи ракетавии Яман ба шаҳри Яффо эътироф карданд.
https://tajikpress.com/2024/12/21/