IQNA

Муҳаммадризо Пурмуъин изҳор дошт:

Се хусусияти мусобиқоти Қуръони Эрон

20:22 - December 21, 2024
рақами хабар: 2609
ИКНА - Мушовири раиси ситоди баргузории чиҳилу ҳафтумин давраи мусобиқоти саросарии Қуръони Созмони авқоф бо ишора ба ин ки мусобиқоти саросарии Қуръон дар Табрез бо шукӯҳи хубе баргузор шуд, бо зикри се хусусияти ин рӯйдоди миллӣ ба ҷанбаҳои мухталифи мусобиқот дар кишвар пардохт.

Муҳаммадризо Пурмуъин, мушовири раиси ситоди баргузории чиҳилу ҳафтумин давраи мусобиқоти саросарии Қуръони Созмони авқоф ва умури хайрия, дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИКНА дар бораи ин давра гуфт: “Имрӯз мусобиқоти Қуръони Карим дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки тавассути Созмони авқоф ва умури хайрия баргузор мешавад, дорои се хусусияти ҷиддӣ дар муқоиса бо дигар мусобиқоти Қуръонӣ аст.”

Баргузории ҳирфаии мусобиқоти Қуръони Эрон

۳ ویژگی مسابقات قرآن ایران

Ин фаоли қуръонӣ афзуд: “Хусусияти аввали ин мусобиқот он аст, ки дар тарроҳии он, мусобиқа ба маънои воқеии мусобиқа дар назар гирифта шудааст. Дар он рақобати солим, адолат, ҷалби ҳаддиаксарӣ, такрими тамошобинон, эҷодкорӣ ва навоварӣ дар шеваи баргузорӣ ва иттилоърасонии муносиб дар сатҳи хубе ҷой дорад. Ҳамаи инҳо нишон медиҳанд, ки мусобиқоти қуръонӣ дар Эрон ба таври ҳирфаӣ иҷро мешаванд.”

Пурмуъин хусусияти дувуми ин мусобиқотро таваҷҷуҳи умумии ҷомеаи қуръонии кишвар, аз ҷумла устодон, мураббиён, муассисаҳо ва созмонҳо донист ва таъкид кард: “Ин таваҷҷуҳ ба шеваҳои мухталиф зоҳир мешавад; гоҳе ба сурати ҳузур, гоҳе ба сурати ҳимоят, гоҳе ба сурати роҳнамоии гурӯҳӣ дар ситоди баргузорӣ, шӯроҳои коршиносӣ ва ҷаласаҳои барномарезӣ ё ҳамандешӣ.”

Пурмуъин афзуд: “Кишвари мо дар ҷойгоҳи баланди ҳифз ва қироати Қуръони Карим дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ қарор дорад. Танҳо масъалае, ки бояд ба он таваҷҷуҳи бештар шавад, ҳузур ва имтиёзоти иҷтимоӣ, манзалат ва ҷойгоҳи иҷтимоии ширкаткунандагон дар ин рӯйдодҳост.”

ВАО ҷанбаҳои мухталифи мусобиқотро таҳлил кунад

۳ ویژگی مسابقات قرآن ایران

Мушовири раиси ситоди баргузории чиҳилу ҳафтумин давраи мусобиқоти саросарии Қуръони Созмони авқоф ва умури хайрия бо ишора ба он ки сеюмин нукта дар бораи мусобиқот ҳамоҳангсозӣ миёни ниҳодҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва таблиғотии кишвар аст, гуфт: “Ин ҳамоҳангсозӣ аз ВАО-и миллӣ, ки имсол пӯшиш ва иттилоърасонии муносиб дошт, то ниҳодҳое чун операторҳои телефонҳои ҳамроҳ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Дар заминаи ҳамоҳангсозӣ, ба вижа аз ВАО-и миллӣ интизор меравад, танҳо ба пахши зиндаи мусобиқот иктифо накунад ва онҳоро аз дидгоҳҳои мухталиф таҳлил ва баррасӣ кунад.”

https://iqna.ir/fa/news/4254712

captcha