IQNA

Дидори Раҳбари Муаззами Инқилоб бо маддоҳони Аҳли байт (а):

Муҳимтарин кори ҳазрати Заҳро (с) – табйин буд

22:45 - December 22, 2024
рақами хабар: 2614
ИКНА - Раҳбари Муаззами Инқилоби Эрон субҳи имрӯз дар дидор бо ҳазорон нафар аз маддоҳон ва шоирони Аҳли байт (а), бо таъкид бар ин ки муҳимтарин кори ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) табйин буд, фармуданд: " маддоҳони Аҳли байт (а) пайравӣ аз ҳазрати Заҳро (с) дар табйин аст."

Муҳимтарин кори ҳазрати Заҳро (с) – табйин будБа гузориши ИКНА, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари Муаззами Инқилоб, дар рӯзи милоди мубораки ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ҳазорон нафар аз маддоҳон ва шоирони Аҳли байт (а) бо Раҳбари Инқилоби Исломӣ дидор карданд.

Гузидаи суханони ишон дар ин дидор:

  • Муҳимтарин кори ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) табйин буд; маддоҳони Аҳли байт (а) пайравӣ аз ҳазрати Заҳро (с) дар табйин аст.Фотимаи Заҳро (с) ҳақоиқи замонро шарҳ медод ва масоили он замонро, ки ба вуҷуд омада буданд, баён мекард. Тавзеҳи масоили рӯз як вазифаи бисёр муҳим аст.Барномаи Амрико барои тасаллут бар кишварҳо иборат аз яке аз ин ду аст: ё истиқрори истибдод ё эҷоди бесарусомонӣ ва ошӯб. Дар Сурия бесарусомонӣ ба вуҷуд оварданд ва ҳоло ба гумони худ ҳисси пирӯзӣ мекунанд. Яке аз афроди амрикоӣ пинҳонӣ мегӯяд, "ҳар касе дар Эрон ошӯб кунад, мо кӯмакаш мекунем"; аблаҳон фикри кабобро мекунанд!Миллати Эрон ҳар касеро, ки дар ин замина ғуломи Амрико шавад, зери по хоҳад кард.Доимо мегӯянд, ки Ҷумҳурии Исломӣ нерӯҳои вобастаи худро дар минтақа аз даст дод! Ин низ як сухани нодуруст аст! Ҷумҳурии Исломӣ нерӯи вобаста надорад. Яман меҷангад, чун боимон аст; Ҳизбуллоҳ меҷангад, чун қудрати имон ӯро ба майдон мекашад; Ҳамос ва Ҷиҳод меҷанганд, чун ақидаашон онҳоро ба ин амал водор мекунад. Инҳо вобаста ба мо нестанд. Агар рӯзе мо бихоҳем амал кунем, ҳеҷ ниёзе ба нерӯи вобаста надорем.

https://iqna.ir/fa/news/4255412

captcha