ИКНА - Ҳарами муқаддаси ҳазрати Або Абдиллоҳи Ҳусайн (а) дар шабу рӯзи милоди модари гиромии ишон, ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), пур аз зоироне аст, ки аз Ироқ ва дигар кишварҳо ба Карбало сафар кардаанд, то ин рӯзро дар паҳлуи мақбараи нуронии Имом Ҳусайн (а) гиромӣ доранд.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз сафҳаҳои маҷозии остони муқаддаси Ҳусайнӣ (а), дар шаби милоди бонуи ду олам, ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), Карбалои Муалло ва ҳарами муқаддаси Або Абдиллоҳи Ҳусайн (а) пур аз зоироне буд, ки солҳои зиёд дар ҳасрати Мадина ва қабри пинҳони ӯ буданд ва мехостанд дар чунин шабе дар саҳн ва сарои ҳазраташ ҷашни милод баргузор кунанд ва таваллудашро табрик гӯянд.