Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз "Ал-Мисрӣ Ал-Явм", Муҳаммад Ал-Завинӣ, намояндаи Ал-Азҳар, Салома Довуд, раиси Донишгоҳи Ал-Азҳар, ва шуморе дигар аз масъулони ин марказ намоишгоҳи ҳунарҳои тасвирӣ ва хаттати арабиро дар ҳошияи ҷашнҳои марказҳои вобаста ба Ал-Азҳар ба муносибати рӯзи ҷаҳонии забони арабӣ ифтитоҳ карданд.
Ин намоишгоҳ бо ҳамкории донишҷӯёни марказҳои Ал-Азҳар ва гурӯҳе аз хаттотон ва ҳунармандони ҳунарҳои тасвирӣ баргузор шуд. Дар ин намоишгоҳ нусхаҳои қадимии дастнависҳои Китобхонаи Ал-Азҳар, аз ҷумла нусхаҳои хаттии ҳаракатгузорӣшудаи Қуръон, Қуръони Кӯфӣ ва Қуръоне, ки ба даст наққошӣ шудааст, ба намоиш гузошта шуданд.
Дар сафҳаҳои аввалини ин Қуръони дастнависи наққошишуда маҷмӯаи манораҳое бо хаттотии "Ло илоҳа Иллаллоҳ Муҳаммад Расулуллоҳ" ҷой дорад, ки аз рост ва чап хонда мешавад.
Ин Қуръонро "Алии Лутфӣ", яке аз ҳунармандони наққошӣ, дар соли 1313 ҳиҷрӣ китобат кардааст. Он чизе, ки ин Қуръонро аз дигар Қуръонҳо фарқ мекунад, он аст, ки наққош тамоми Қуръонро танҳо дар 19 сафҳа ҷамъоварӣ кардааст.
Дар ин намоишгоҳ, инчунин, лавҳаҳо ва коргоҳҳои хаттати арабӣ, ҳамчунин, лавҳаҳое бо истилоҳот ва ҳарфҳои забони арабӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Муҳаммад Ал-Завинӣ, намояндаи Ал-Азҳар, дар ин намоишгоҳ гуфт: "Ал-Азҳар ҳамеша бо тақвияти истеъдодҳо ва тавоноиҳои донишҷӯёнаш, онҳоро ба эҷодгарӣ дар ҳамаи заминаҳо ва фаъолиятҳои гуногуни ҳунарӣ ташвиқ мекунад, то наслеро тавоно барои боз кардани дидгоҳҳои нави динӣ ва илмӣ парвариш диҳад."
Шоёни зикр аст, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 18 декабри соли 1973 бо тасвиби як қатъномаи забони арабиро ба унвони яке аз забонҳои расмии Созмони Милал ба забонҳои англисӣ, чинӣ, фаронсавӣ, русӣ ва испанӣ илова кард. Созмони ЮНЕСКО низ соли 2012 эълон кард, ки ҳар сол 18 декабр бо унвони рӯзи ҷаҳонии забони арабӣ ҷашн гирифта шавад.
https://iqna.ir/fa/news/4255294