IQNA

Баргузории дувумин мусобиқоти байналмилалии қуръонӣ «Ҷоизаи Ал-Амид» дар Карбало + истиноди сабти ном

9:50 - December 24, 2024
рақами хабар: 2618
ИКНА - Остони муқаддаси Аббосӣ эълом кард, ки сабти ном барои дувумин мусобиқоти байналмилалии тиловати қуръонӣ бо номи «Ҷоизаи Ал-Амид» дар Карбало оғоз шудааст.

Ба гузориши ИКНА аз Ал-Кафил, сабти ном барои дувумин даври мусобиқоти тиловати қуръонӣ «Ҷоизаи Ал-Амид» барои тамоми кишварҳо ва ҳамаи гурӯҳҳои синнӣ оғоз шудааст. Дӯстдорони ширкат дар ин мусобиқот бояд порчаи видеоии тиловати худро, ки набояд аз 3 дақиқа зиёд бошад, ба Кумитаи баргузорӣ ирсол намоянд.

Номи ширкаткунанда бояд дар оғози видеои ирсолӣ зикр шуда, ин видео аз ҳар гуна таъсироти садоӣ ва тасвирӣ холӣ бошад. Ҳамчунин, тасвир бояд нав ва клипи ирсолӣ бидуни ҳар гуна таваққуф бошад.

Ширкаткунандагони зери 16-сола дар ҳолати пазируфта шудан метавонанд бо як ҳамроҳ дар мусобиқот ширкат кунанд.

Дӯстдорони ширкат метавонанд бо ворид шудан ба истиноди «https://alkafeel.net/DeansAward» дар ин мусобиқот сабти ном намоянд.

Остони муқаддаси Аббосӣ мароҳили сабти номро пас аз ворид шудан ба истиноди болозикр чунин эълом кардааст:

1.    Забони муносибро интихоб кунед.

2.    Шаклро ба таври дақиқ ва комил пур кунед.

3.    Номи худро мувофиқ ба он чӣ дар шиноснома сабт шудааст, ворид кунед.

4.    Синн, кишвар ва рақами телефони фаъоли худ дар WhatsApp ё Telegram-ро ворид кунед.

5.    Маълумоти зеринро замима кунед: (клипи тиловат, нусхаи шиноснома ва акси шахсӣ).

6.    Тугмаи сабтро пахш кунед ва андаке сабр кунед, то файлҳо бо муваффақият боргузорӣ шаванд.

Тарзи ирсоли тиловатҳо

Иштироккунандагони мусобиқот бояд видеоҳо ва маълумоти заруриро ба ҳисоби мусобиқот дар барномаи Telegram ба рақами (009647760005311) ирсол намоянд. Агар дар иртибот бо Telegram мушкил пеш ояд, метавонанд бо ҳамин рақам тавассути барномаи WhatsApp бо гурӯҳи пуштибонии мусобиқот тамос гиранд.

Номҳои пазируфташудагон дар мусобиқоти тиловати «Ҷоизаи Ал-Амид» рӯзи 15-уми январи соли 2025 эълон мегарданд ва бо онҳо барои танзими сафар ба Ироқ тамос гирифта мешавад. Замони истиқбол аз пазируфташудагон дар Ироқ аз 29 то 31-уми январи соли 2025 хоҳад буд.

https://iqna.ir/fa/news/4255669

captcha