Шаби гузашта тазоҳуроти густурдаи масеҳиён дар Димишқ, пойтахти Сурия, дар эътироз ба оташ задани дарахти идонаи Крисмас дар вилояти Ҳамо баргузор шуд. Ин ҳодиса, ки тавассути нашри видеои гурӯҳи ниқобпӯш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ошкор шуд, боиси вокуниши шадид дар манотиқи масеҳинишин гардид. Ҳамзамон бо ин тазоҳурот, гузоришҳо аз густариши хушунатҳои гурӯҳҳои террористӣ, бахусус вобастагони "Ҷабҳат-ун-Нусра" ва Абӯмуҳаммад Ал-Ҷувлонӣ, дар манотиқи мухталифи Сурия хабар медиҳад.
Бино ба гузориши хабаргузориҳо, тазоҳуроти ахир дар посух ба ҳодисаи оташ задани дарахти Крисмас дар вилояти Ҳамо баргузор шуд. Дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, гурӯҳе аз ниқобпӯшон дарахти идонаи масеҳиёнро оташ зада, боиси хашми сокинони масеҳӣ гардиданд. Ин ҳодиса эҳсосоти мазҳабӣ ва иҷтимоии ҷамоати масеҳиёнро таҳрик дод ва тазоҳурот ба зудӣ ба дигар минтақаҳои насронинишини пойтахт низ густариш ёфт.
Муътаризон бо шиорҳое, аз қабили "Мо хостори барқарории ҳуқуқи масеҳиён ҳастем", ба кӯчаҳо рехтанд. Онҳо бо боло кардани салибҳои чӯбӣ ва ҳаракати гурӯҳӣ изҳор доштанд, ки вазъи масеҳиён дар Сурия бояд ба таври фаврӣ беҳбуд ёбад. Ин гурӯҳ аз афзоиши хушунат ва зулм алайҳи ақаллиятҳои мазҳабӣ, бахусус пас аз сарнагун шудани ҳукумати Башшор Асад, нигаронӣ карданд.
Муътаризон таъкид карданд, ки масеҳиён бояд аз амният бархӯрдор бошанд ва ҳукумати оянда низ бояд ҳуқуқи онҳо ва дигар ақаллиятҳоро тазмин кунад.
Ҳамзамон бо тазоҳуроти масеҳиён, хушунатҳо ва ҳамлаҳои гурӯҳҳои террористӣ дар манотиқи гуногуни Сурия афзоиш ёфтааст. Манобеи маҳаллӣ гузориш доданд, ки 90 дарсади воқеиятҳои ин хушунатҳо дар расонаҳо инъикос намешаванд. Бино ба гузоришоти хабарӣ, ҳар 10 дақиқа як ҳамлаи террористӣ дар Сурия сурат мегирад, ки аксаран ҳадаф аз онҳо одамрубоӣ, ғоратгарӣ ва терор мебошад.
Ин ҳамлаҳо бештар дар манотиқи ақаллиятнишин, бахусус соҳилҳои Қардаҳа, Тартус ва Лозиқия анҷом мешаванд. Манобеъ таъкид мекунанд, ки гурӯҳҳои вобаста ба "Ҷабҳат-ун-Нусра" бо раҳбарии Абӯмуҳаммад Ал-Ҷувлонӣ нақши аслиро дар ин хушунатҳо доранд ва ҳадафи онҳо эҷоди тарс ва таҳким бахшидан ба нуфузи худ мебошад.
Дар ду рӯзи ахир шаш тазоҳуроти густурда дар манотиқи мухталифи Сурия баргузор шуд, ки нишон медиҳад, хашми мардумӣ дар баробари хушунатҳо афзоиш ёфтааст. Масеҳиён ва дигар ақаллиятҳои мазҳабӣ бо бардоштани шиорҳо ва гузаронидани тазоҳурот талош доранд, то таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба вазъияти худ ҷалб кунанд.
Таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки идомаи чунин хушунатҳо метавонад боиси ташдиди низоъҳои мазҳабӣ ва қавмӣ дар Сурия гардад. Ба гуфтаи онҳо, нокомиҳои ҳукумат дар идора ва таъмини амнияти аҳолӣ шароити мусоидро барои густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ фароҳам меорад.
Дар шароити кунунӣ, ки амнияти масеҳиён ва дигар ақаллиятҳои динӣ дар хатар аст, тазоҳуротҳои мардумӣ метавонад ба ташдиди эътирозҳо дар рӯзҳои оянда бианҷомад. Давом ёфтани хушунатҳои террористӣ аз як тараф ва нокифоягии расидагӣ ба ҳуқуқи ақаллиятҳо аз тарафи дигар, боиси афзоиши нооромиҳо дар ин кишвар шудааст.
Сурия имрӯз бо чолишҳои шадиди амниятӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ рӯ ба рӯст, ки ҳаллу фасли онҳо ниёз ба иқдомоти фаврӣ ва ҳамоҳангии ҷомеаи байналмилалӣ дорад. Аҳолии масеҳӣ ва дигар ақаллиятҳои динӣ умедворанд, ки тавассути ин тазоҳурот ва вокунишҳои байналмилалӣ, вазъияти онҳо беҳбуд ёбад ва ҳуқуқи онҳо ба таври комил эҳтиром шавад.
https://tajikpress.com/2024/12/24/