IQNA

Ба муносибати солгарди милоди ҳазрати Исо ибни Марям (а) сурат гирифт:

20:41 - December 25, 2024
рақами хабар: 2629
Паёми табрики раисҷумҳур ба Поп Франсис ва ҳамаи муваҳҳидони ҷаҳон

ИКНА - Масъуди Пизишкиён дар паёме фаро расидани милоди хуҷастаи ҳазрати Исо ибни Марям (а) ва оғози соли нави милодии 2025-ро ба Поп Франсис ва ҳамаи муваҳҳидони ҷаҳон табрик гуфта, таъкид кард: гиромидошти мавлуди ҳазрати Исои Масеҳ (а) заминаи маънавие барои ёдоварии фармоишҳои илоҳӣ ва таълимоти арзишманди ҳамаи Анбиё барои таъмини адолат, сулҳ ва озодӣ аст. Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз пойгоҳи иттилооти раёсати ҷумҳурӣ, Масъуди Пизишкиён дар паёми табрики худ ба Поп Франсис, пешвои католикҳои ҷаҳон, ба муносибати фарорасидани милоди хуҷастаи ҳазрати Исо ибни Марям (а) ва оғози соли нави милодии 2025 чунин гуфт: Дар асри ҳозир ҷомеа ниёзманди назари тозае ба ҳалли мушкилоти башарият мебошад, бинобар ин, тафаккур ва таваҷҷуҳ ба хислатҳои волои паёмбарони илоҳӣ метавонад роҳкушои инсони муосир барои расидан ба камоли инсонӣ бошад. Умедворам дар остонаи соли нави милодӣ шоҳиди иқдомоти муассире дар роҳи сулҳ, амният ва озодии миллатҳои мазлум, бахусус мардуми ситамдидаи Фаластин бошем.

https://iqna.ir/fa/news/4256155

captcha