Изҳори нигаронии Попи Франсис дар мавриди вазъи фоҷиабори инсонӣ дар Навори Ғазза ва интиқоди ӯ аз шароити ғайриқобили қабул дар ин минтақа, режими саҳюнистиро ба вокунишҳои шадид водор кард. Исроил, дар посух ба ин суханон, сафири Ватиканро дар сарзаминҳои ишғолшуда даъват намуд. Ин иқдом нишон медиҳад, ки режими саҳюнистӣ мавқеи инсондӯстонаи раҳбари католикҳоро таҳдид ба мавқеи худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.
Попи Франсиск, раҳбари католикҳои ҷаҳон, дар суханронии худ вазъи фоҷиабори инсонӣ дар Ғаззаро шадидан маҳкум кард. Ӯ бо баёни нигаронии амиқ аз шароити зиндагии мардуми Ғазза, ба таври ошкор таъкид кард, ки ҷанг ва хушунат бояд қатъ шуда, ба ҳуқуқи инсонҳо эҳтиром гузошта шавад.
Режими саҳюнистӣ, ки маъмулан интиқодҳои байналмилалиро бо шиддат рад мекунад, ин бор низ бо даъвати сафири Ватикан дар сарзаминҳои ишғолшуда кӯшид, то мавқеи худро ҳимоят кунад. Даъвати сафир танҳо як иқдоми дипломатии зоҳирӣ нест; он паёме ба ҷомеаи байналмилалӣ ва Ватикан аст, ки ҳар гуна интиқод аз сиёсатҳои Исроил бо вокунишҳои шадид рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ин иқдоми Исроил нишон медиҳад, ки режими саҳюнистӣ аз интиқодоти афроди бонуфузи ҷаҳон, махсусан шахсиятҳои динӣ, сахт нороҳат мешавад. Чунин вокунишҳо аз тарси аз даст додани ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ маншаъ мегиранд. Изҳори нигаронӣ ва ҳимояти Попи Франсиск, метавонад фишорҳои навро болои режими саҳюнистӣ афзоиш диҳад.Дар Навори Ғазза, шароити зиндагӣ рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Муҳосираҳои сахт, набуди дастрасӣ ба кӯмакҳои башардӯстона ва ҳамлаҳои пайвастаи низомӣ, ин минтақаро ба як фоҷиаи инсонӣ табдил додааст.
Дар чунин шароит, изҳороти раҳбари католикҳои ҷаҳон метавонад таваҷҷуҳи бештарро ба ин мавзӯъ ҷалб намояд.Вокуниши режими саҳюнистӣ ба суханони Попи Франсис танҳо як вокуниши дипломатӣ нест, балки талошест барои хомӯш кардани интиқодҳо. Аммо изҳори нигаронӣ ва ҳимояти Попи Франсис метавонад ба густариши фишорҳои байналмилалӣ алайҳи режими саҳюнистӣ сабаб гардад. Дар ниҳоят, ин гуна вокунишҳо танҳо воқеияти фоҷиабори инсонӣ дар Ғаззаро бештар равшан месозанд.
https://tajikpress.com/2024/12/26/