Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз «propakistani.pk», ин тафоҳумнома дар ҳузури шайх Абдуллатиф бин Абдулазиз Оли Шайх, вазири умури исломӣ, даъват ва иршоди Арабистон, ва аз ҷониби Авоз бин Сабти Ал-Анназӣ, муовини вазир, ва Зулфиқор Ҳайдар, муовини вазири умури мазҳабӣ ва ҳамоҳангии байниадёни Покистон, дар шаҳри Ҷидда ба имзо расид.
Дар ин тафоҳумнома, ҳар ду кишвар бар ҳамкорӣ дар заминаҳои даъват, омӯзиши имомони масоҷид, муаррифии таълимоти Ислом ва тавзеҳи мавқеи дини Ислом дар мавриди масоили муосир таъкид карданд.
Ҳамчунин, дар ин тафоҳумнома бар ҳамкорӣ дар заминаи чопи Қуръони Карим ва суннати набавӣ, нашр ва тарҷумаи онҳо, табодули таҷрибаҳои фаннӣ ва меъморӣ дар заминаи сохт ва нигаҳдории масоҷид, эҳёи мероси исломӣ, нашри китобҳо ва мутолиоти исломӣ, ҷамъоварии матнҳо ва нусхаҳои хаттӣ, ҳифз, рӯйхатнигорӣ ва интишори онҳо, ва ташвиқи иштироки уламои дин дар конфронсҳо ва симпозиумҳои исломӣ таъкид шудааст.
Вазорати умури мазҳабӣ ва ҳамоҳангии байниадёни Покистон ба наздикӣ бо Хатти ҳавоии Арабистони Саудӣ тавофуқномаеро барои суръатбахшӣ ба ирсоли ҳоҷиён ба имзо расонид, ки тибқи он шароити сафар барои 35,000 зоири покистонӣ таъмин мегардад.