IQNA

Муарифии барномаи нави тафсири Қуръон ба забони ҳиндӣ

16:01 - December 30, 2024
рақами хабар: 2655
ИКНА - Ҷамоати Исломии Ҳинд як барномаи нави мобилиро барои тафсири Қуръон ба забони ҳиндӣ муаррифӣ кард.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз пойгоҳи иттилоотии Ҷамоати Исломии Ҳинд, як барномаи мобилии нав, ки тафсири Қуръонро ба забони ҳиндӣ пешниҳод мекунад, дар як маросим муаррифӣ шуд. Ин барнома бо номи "Тафҳимул Қуръон" (Tafheemul Quran) тавассути Ҷамоати Исломии Ҳинд (JIH) муаррифӣ гардид.

Ин барномаи қуръонӣ, ки аз ҷониби Islami Sahitya Trust, яке аз шӯъбаҳои Ҷамоати Исломӣ, таҳия шудааст, бо ҳадафи пешниҳоди тафсири содда ва фаҳмо аз Қуръон барои мухотабони забони ҳиндӣ тарроҳӣ шудааст.

Дар маросими муаррифӣ, Сайид Содотуллоҳ Ҳусайнӣ, раиси JIH, аз заҳматҳои масъулон ва таҳиягарони барнома қадрдонӣ кард. Ӯ ба аҳамияти хизматҳои Мавлоно Сайид Абулъало Мавдудӣ, нависандаи тафсири "Тафҳимул Қуръон", таъкид кард. Мавдудӣ барои таълифи ин тафсир омӯзиши амиқи фалсафаҳои олмонӣ, ҳиндуизм, масеҳият ва дигар адёнро анҷом додааст. Ҳусайнӣ ба аҳамияти дастрасии густурдаи ин барнома на танҳо барои мусалмонон, балки барои ҳар касе, ки ба дарки Қуръон ба забони ҳиндӣ алоқаманд аст, ишора кард.

Ин барнома матни пурраи Қуръонро ҳамроҳ бо тарҷума ва тафсири ҳиндии он ба қалами Мавлоно Абулъало Мавдудӣ пешниҳод мекунад. Корбарон метавонанд ҳам матни тарҷума ва ҳам тафсирро бихонанд, дар ҳоле ки тарҷумаи Қуръон ба шакли аудио низ дар барнома дастрас аст.

Тарҷумаи ҳиндиро Мавлоно Насим Аҳмад Қозии Фалоҳӣ анҷом додааст, ки такмили он наздик ба 12 сол тӯл кашидааст. Ӯ тавзеҳ дод, ки ин тарҷума дорои шарҳҳои мухтасар аз истилоҳоти қуръонӣ ва ишораҳо ба аҳодиси Паёмбар Муҳаммад (с) мебошад.

Ворис Ҳусайн, котиби Islami Sahitya Trust, ҳамроҳ бо дигар мақомот дар маросими ифтитоҳи постери ин барнома ширкат кард. Юсуф Амин, тарроҳи ин барнома, тавзеҳоте дар бораи хусусиятҳои асосии он ироа намуд.

https://iqna.ir/fa/news/4256877

captcha