IQNA

Эҳдои Қуръони тартили Абдулбосит ба Созмони Миллии Расонаҳои Миср

16:03 - December 30, 2024
рақами хабар: 2656
ИКНА - Ториқ Абдулбосит Абдуссамад, фарзанди устод Абдулбосит, дар мулоқот бо раиси Созмони Миллии Расонаҳои Миср нусхае аз хати комили Қуръон ба ривояти Варш аз Нофеъро, бо қироати тартили ин қории маъруфи мисрӣ, ба ӯ эҳдо кард.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз "Ал-Мисрӣ Ал-Явм", ин қироат, ки қабл аз вафоти устод Абдулбосит дар Марокаш сабт шуда буд, ҳангоми мулоқоти Ториқ Абдулбосит Абдуссамад бо Аҳмад Ал-Муслимонӣ, раиси Созмони Миллии Расонаҳои Миср, ба ӯ тақдим гардид.

Қуръони тартили Абдулбосит ба ривояти Варш дувумин қироати мураттили Қуръон ба ин ривоят пас аз қироати Шайх Маҳмуд Халил Ҳусарӣ маҳсуб мешавад.

Ривояти Варш аз Нофеъ яке аз ривоятҳои мутавотири қироати Қуръон аст, ки бештар дар Африқои Шимолӣ ва Ғарбӣ ва дар баъзе минтақаҳои Осиё маъмул мебошад. Ривояти Ҳафс аз Осим, дигар ривояти мутавотири қироати Қуръон, дар Миср ва минтақаи Машриқи арабӣ густариш ёфтааст.

Ҳамчунин, аз моҳи январи соли 2025 мелодӣ, ба муносибати 98-умин солрӯзи таваллуди устод Абдулбосит, барои нахустин бор тартили Қуръони Карим ба ривояти Варш аз Нофеъ бо садои ин қории мисрӣ аз Радиои Қуръони Миср пахш мешавад.

Пахши тартили Қуръон бо садои Абдулбосит пас аз таъйини Исмоил Давидор ба ҳайси раиси нави Радиои Қуръони Миср сурат мегирад.

Абдулбосит дар соли 1984 мелодӣ ҳамчун нахустин раиси Иттиҳодияи Қориёни Қуръони Миср интихоб шуд ва дар моҳҳои Рамазон ва ғайри он ба кишварҳои хориҷӣ барои баргузории маҳофили қуръонӣ ва ё бо даъватҳои расида сафар мекард.

https://iqna.ir/fa/news/4256843

captcha