Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз "Ал-Ҷазира", Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ва Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин бо содир кардани баёнияҳои мустақил интихоби Ҷузеф Авнро ба унвони раисҷумҳури ҷадиди Лубнон табрик гуфтанд.
Дар баёнияи Ҳамос омадааст: "Умедворем давраи ҷадиди раёсати ҷумҳури Авн дар Лубнон замони муваффақият дар роҳнамоии ин кишвар ба сӯи пешрафт ва шукуфоӣ бошад ва ҳадафҳои миллати Лубнонро дар заминаи озод кардани сарзаминашон аз ишғоли душмани саҳюнистӣ, ҳифзи якпорчагӣ, амният ва суботи ин кишвар таъмин кунад."
Ин ҷунбиш ҳамчунин таъкид кард, ки ба сулҳи дохилӣ дар Лубнон, барқарории равобити беҳтар миёни мардумони Лубнон ва Фаластин, мухолифат бо тарҳҳои интихоби ватани ҷойгузин ва талош барои таъмини зиндагии шоиста барои оворагони фаластинӣ дар Лубнон тавассути эҷоди ҳуқуқи иҷтимоӣ ва инсонии онҳо то замони фароҳам шудани шароит барои бозгашт ба ватани худ дар Фаластин, содиқ мемонад.
Ҷунбиши Ҷиҳоди исломӣ низ дар баёнияи худ эълон кард: "Мо интихоб шудани Ҷузеф Авнро ба раёсати ҷумҳури Лубнон ба ӯ ва мардуми Лубнон табрик мегӯем."
Дар идомаи баёния омадааст: "Умедворем ин интихоб дарвозае ба сӯи давраи ҷадид аз субот ва шукуфоӣ бошад, ки боиси таҳкими ваҳдат ва соҳибихтиёрии Лубнон, ҳифзи амнияти шаҳрвандон ва рафъи осори таҷовузҳои ахири режими саҳюнистӣ ба Лубнон ва мардуми он гардад."
Ҷиҳоди Исломӣ таъкид кард: "Мо аз ҳар чизе, ки ҳамкорию ҳамгароиро байни мардумони Фаластин ва Лубнон тақвият дода ва ба соҳибихтиёрии комили Лубнон эҳтиром мегузорад, ҳимоят мекунем. Умедворем давраи раёсати Ҷузеф Авн имкони воқеии расидагӣ ба вазъияти паноҳандагони фаластинӣ дар Лубнон бошад ва ин бидуни осеб ба ҳаққи баргашти онҳо ба ватани худ, Фаластин, ва бо таъмини ҳуқуқи иҷтимоӣ ва инсонии онҳо амалӣ шавад."
Ҷузеф Авн рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи парлумони Лубнон бо касби 99 раъй аз 128 раъйи намояндагон ба унвони чордаҳумин раисҷумҳури Лубнон пас аз ду соли холӣ будани ин мансаб интихоб шуд.
Ҷузеф Авн бо ҳузур дар парлумони Лубнон изҳор дошт: "Мо бояд сиёсати дифоии комилро барои муқобила бо таҷовузҳои режими саҳюнистӣ алайҳи Лубнон баррасӣ кунем ва ҳаргиз ба соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли Лубнон беэътино нахоҳем буд. Мо манобеи тахрибшуда аз ҷониби Исроилро дар ҷануб ва тамоми кишвар бозсозӣ хоҳем кард."
Ӯ афзуд: "Беҳтарин равобитро бо кишварҳои арабӣ барқарор карда ва сиёсати бетарафии мусбатро пайгирӣ мекунем. Замони он расидааст, ки ба худ ва на ба хориҷӣ эътимод кунем. Ман ба сиёсати адами ҳамгироии бародарони фаластинӣ дар Лубнон пойбанд мемонам, то ҳаққи бозгашти онҳо ба сарзаминашон ҳифз шавад."