Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз "Ал-Явм Ас-Собиъ", ин мусобиқаҳо рӯзи ҷумъа, 31 январи 2025 бо ташаббуси Кумитаи олии баргузории мусобиқаҳои байналмилалии ҳифзи Қуръон ва ибтиҳоли динӣ дар Порт-Саъид оғоз шуда, то рӯзи душанбе идома хоҳанд кард.
Ин мусобиқот таҳти назорати Мустафо Мадбулӣ, нахуствазири Миср, бо ҳимояти Муҳиб Ҳабашӣ, волии Порт-Саъид, ва ҳузури Одил Ал-Масилҳӣ, нозири кул ва мудири иҷроии мусобиқот баргузор мешаванд.
Одил Ал-Масилҳӣ дар ин бора гуфт: имсол мусобиқаҳо бо иштироки 40 нафар аз 33 кишвари мухталифи ҷаҳон дар маросими намози ҷумъа дар масҷиди «Ас-Салом»-и Миср ифтитоҳ мешаванд. Дар ин маросим вазири авқофи Миср, вазири ҷавонон ва варзиш, муфтии Миср, намояндаи Шайх-ул-Азҳар ва раисони кумитаҳои динӣ дар порлумони Миср ҳузур хоҳанд дошт.
Одил Ал-Масилҳӣ афзуд: мусобиқаҳои имсола ба хотири гиромидошти ҷойгоҳ ва нақши муҳимми Шайх Муҳаммад Сиддиқ Мансавӣ, қории барҷастаи Миср, дар заминаи қироати қуръон бо номи ӯ баргузор мешаванд.
Маросими расмии ифтитоҳи мусобиқаҳо рӯзи ҷумъа, соати 15:30, дар маркази фарҳангии вилояти Порт-Саъид баргузор шуда, ин маросим мустақиман аз телевизиони Миср пахш хоҳад шуд.
Рақобатҳои ширкаткунандагон рӯзҳои шанбе ва якшанбеи 13 ва 14 баҳман баргузор мегарданд ва ин рӯйдод рӯзи душанбе, 15 баҳман бо маросими хотимавӣ, эъломи ғолибон ва тақдими ҷоизаҳо ба анҷом мерасад.
Мухиб Ҳабашӣ, волии Порт-Саъид, изҳор дошт: ин мусобиқаҳо як қадами муҳими фарҳангӣ дар ҳифз ва ҳимояти фарҳанги динӣ мебошанд ва нақши муҳимме дар нишон додани ҷойгоҳи барҷастаи Миср дар заминаи ҳифзи қуръон доранд.