Ин мусобиқот бо ибтикори Кумитаи олии баргузории мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръон ва ибтиҳоли динӣ дар Порт-Саид ташкил шудааст.
Дар маросими ифтитоҳии он, ки дар масҷиди ас-Салом баргузор шуд, Усома Алазҳарӣ, вазири авқофи Миср, инчунин вазири ҷавонон ва варзиш, муфтии Миср, намояндаи Шайхи Алазҳар ва масъулони динию давлатӣ ҳузур доштанд.
Барномаи ифтитоҳӣ бо тиловати Қуръон аз тарафи Шайх Муҳаммад Торотӣ оғоз ёфт, ки ба маросим фазои маънавӣ бахшид. Ҳамчунин Аҳмад Умар Ҳошим, узви ҳайати уламои Алазҳар ва хатиби намози ҷумъа, дар бораи фазилати Қуръон ва нақши аҳли Қуръон дар тарвиҷи таҳаммулпазирӣ ва сулҳ суханронӣ намуд.
Ин мусобиқот таҳти назорати Мустафо Мадбулӣ, нахуствазири Миср ва бо ҳимояти Муҳиб Ҳабашӣ, волии Порт-Саид баргузор мешавад.
Тибқи гуфтаи Одила Мусилҳӣ, нозири кулл ва мудири иҷроияи мусобиқот, имсол дар ин мусобиқот 40 иштироккунанда аз 33 кишвари ҷаҳон ҳузур доранд.
Мусобиқоти имсола ба хотираи Шайх Муҳаммад Сиддиқ Миншавӣ, қории маъруфи мисрӣ баргузор хоҳад шуд.
Қарор аст мусобиқот рӯзҳои шанбе ва якшанбе (13 ва 14 баҳман) баргузор шуда, рӯзи душанбе (15 баҳман) бо маросими ҷамъбастӣ, эълони ғолибон ва тақдими ҷоизаҳо анҷом ёбад.
Волии Порт-Саид Муҳиб Ҳабашӣ таъкид кард, ки ин мусобиқот дар роҳи ҳифз ва пуштибонии фарҳанги динӣ аҳамияти муҳим дорад ва нақши Мисрро дар риоя ва ҳифзи Қуръон ба намоиш мегузорад.