IQNA

Баргузории давраҳои тарҷума ва тафсири Қуръон дар марказҳои низомии Афғонистон

15:32 - February 02, 2025
рақами хабар: 2827
ИКНА - Вазорати иршод, ҳаҷ ва авқофи Афғонистон давраҳои тарҷума ва тафсири Қуръони Каримро дар марказҳои бузурги низомии ин кишвар баргузор мекунад.

Ба гузориши ИКНА, ба нақли аз Бохтар Нюз, Вазорати иршод, ҳаҷ ва авқофи Афғонистон давраҳои омӯзиши тарҷума ва тафсири Қуръони Каримро дар марказҳои бузурги низомии ин кишвар оғоз кардааст. Ба гуфтаи ин вазорат, ин давраҳо бо ҳадафи тарвиҷи маорифи исломӣ ва ошноии бештари нерӯҳои низомӣ бо мафҳумҳои Қуръони Карим баргузор мешавад.

Маросими ифтитоҳи ин давраҳо бо ҳузури сарпарасти Вазорати иршод, ҳаҷ ва авқоф, муовинони ин вазорат, улемо, шайхҳо, муфтиён, инчунин намояндагони вазоратҳои дифоъ ва дохила баргузор шуд.

Дар оғози ин маросим Мавлавӣ Муҳаммад Ашраф Ҳақонӣ, раиси умури умумии масоҷиди Афғонистон, эълом кард, ки ин давраҳои омӯзиши Қуръон аз аввали Шаъбон оғоз шуда, то 25-уми Рамазон дар 334 маркази бузурги низомии кишвар идома хоҳанд дошт.

Ин барнома ғайр аз таълими ҳузурӣ, тавассути радио ва телевизиони миллӣ ба забонҳои пашту ва дарӣ низ пахш хоҳад шуд.

Шайхулҳадис Нурмуҳаммад Соқиб, сарпарасти Вазорати иршод, ҳаҷ ва авқоф, бо таъкиди аҳамияти тафсир ва тарҷумаи Қуръони Карим, эълом кард, ки ин барнома барои чорумин соли мутаволӣ баргузор мешавад ва дар 34 вилояти кишвар низ маросими ифтитоҳияаш баргузор хоҳад шуд.

Ӯ афзуд, ки ин давраҳо дар 41 марказ дар Кобул ва 293 марказ дар дигар вилоятҳо баргузор мешаванд.

Дар ин барнома, намояндагони вазоратҳои дифоъ, корҳои дохилӣ ва раёсати умумии истихборот аз ин иқдоми Вазорати иршод, ҳаҷ ва авқоф қадрдонӣ карда, бар ҳимояти ҳамаҷониба аз ин барнома таъкид намуданд. Онҳо ин ибтикорро як қадами муҳими тақвияти боварҳои динӣ миёни нерӯҳои низомӣ дониста, таъаҳҳуд карданд, ки имконот ва шароити лозимиро барои уламову муаллимони ин давраҳо фароҳам хоҳанд овард.

https://iqna.ir/fa/news/4263438

captcha