IQNA

ЮНИСЕФ: Як миллион кӯдак дар Навори Ғазза аз осебҳои равонӣ ранҷ мебаранд

17:47 - February 07, 2025
рақами хабар: 2846
ИКНА - Сухангӯи ЮНИСЕФ, бо изҳори нигаронӣ аз вазъияти вахими кӯдакон дар Навори Ғазза, таъкид кард, ки ояндаи Навори Ғазза аз ҷониби сокинони ин минтақа муайян карда мешавад ва онҳо қатъият доранд, ки он чизеро, ки вайрон шудааст, аз нав созанд.

Мувофиқи гузориши агентии хабарнигории Алҷазира, сухангӯи  ЮНИСЕФ гуфт: Шароити зиндагии оилаҳо дар Навори Ғазза ноҳамвор аст ва мо бояд барои онҳо оби нӯшокӣ, кумак ва лиҳоф таъмин кунем. То ҳол 10 ҳазор камиёни кумак ба Навори Ғазза  ворид шудааст, аммо мо ба миқдори бештар ниёз дорем.

Сухангӯи ЮНИСЕФ дар идомаи мусоҳибаи худ бо Алҷазира илова кард: Кӯдакон дар Навори Ғазза бо бисёре аз хатарҳои ҷисмонӣ ва равонӣ рӯбарӯ ҳастанд. Бояд дар Навори Ғазза оташбаси доимӣ барқарор шавад.

Ин мақоми байналмилалӣ таъкид кард: Як миллион кӯдак дар Навори Ғазза аз осебҳои равонӣ ранҷ мебаранд. Мо ҳоло кӯшиш мекунем, ки либос ва ғизо барои кӯдакон дар Навори Ғазза биёрем, аммо бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ ҳастем.

Сухангӯи ЮНИСЕФ таъкид кард: Мо аз шароити душворе, ки мардуми Навори Ғазза бо он рӯбарӯ ҳастанд, амиқан нигаронем. Агар корхонаҳои таҳияи оби ширин дар Навори Ғазза фаъол нашаванд, кӯдакони Навори Ғазза бо хатарҳои саломатӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Вай инчунин гуфт: Ояндаи Навори Ғазза  аз ҷониби сокинони ин минтақа муайян карда мешавад ва онҳо яқин доранд, ки он чизеро, ки вайрон шудааст, аз нав хоҳанд сохт. 

captcha