Ба гузориши ИКНА аз Ироқ, маросими рунамоии донишномаи қуръонии Аҳли байт (а), ки аз 60 ҷилд иборат буда ва бузургтарин донишнома дар таърихи омӯзишҳои қуръонӣ маҳсуб мешавад, дирӯз, дар саҳни ҳарими мутаҳҳари Ҳусайнӣ дар Карбалои муалла баргузор гардид.
Дар ин маросим, ки дар ҳошияи шашумин ҳамоиши байналмилалии Имом Ҳусайн (а) баргузор шуд, Шайх Абдулмаҳдии Карбалоиӣ, мутаваллии шаръии ҳарими Ҳусайнӣ ва шуморе аз шахсиятҳои динӣ ва донишгоҳӣ ҳузур доштанд.
Ин Доиратул-маориф дорои 60 ҷилд ва беш аз 35 ҳазор матни қуръонӣ буда, ба тафсири Қуръони Карим ва улуми он бар асоси мероси Аҳли байт (а) дар баёни маънои каломи шарифи илоҳӣ мепардозад.
Сайид Муртазо Ҷамолуддин, раиси кумитаи иҷроии Доиратул-маорифи Аҳли байт (а), дар ин бора гуфт: "Ин Доиратул-маориф натиҷаи 10 соли таҳқиқ, ҷамъоварӣ ва мустанадсозӣ буда, бо ширкати кадрҳои мутахассисе таҳия шудааст, ки тамоми тавоноии худро барои тавлиди ин асари азим ба кор гирифтанд."
Вай афзуд: "Илова бар уламо ва фузалои ҳавзаи илмия, устодони тахассусии донишгоҳҳои Карбало ва Бобил низ дар такмили ин Доиратул-маориф ширкат доштанд ва ин тарҳ бо ҳимояти густурдаи Шайх Абдулмаҳдии Карбалоиӣ, мутаваллии шаръии ҳарими Ҳусайнӣ, анҷом шуд."
Сайид Муртазо Ҷамолуддин таъкид кард, ки Доиратул-маорифи қуръонии Аҳли байт (а) дар марҳилаи аввал бо теъдоди 1000 нусха тавассути чопхонаи "Ал-Ворис", ки вобаста ба Остони муқаддаси Имом Ҳусайн (а) ва яке аз пешрафтатарин марказҳои чоп дар Ироқ маҳсуб мешавад, мунташир гардидааст.
Лозим ба зикр аст, ки Доиратул-маорифи қуръонии Аҳли байт (а) як дастоварди муҳимми илмӣ ва фаннӣ буда, бар эътибори ҳарами мутаҳҳари Имом Ҳусайн (а) дар хидмат ба Қуръон ва Аҳли байт (а) афзудааст ва нишондиҳандаи таваҷҷуҳи Остони Ҳусайнӣ ба таҳкими фарҳанги қуръонӣ ва таҳаққуқи рушди илмӣ дар ҳавзаҳои мухталиф мебошад.