IQNA

Баргузории чандин маҳфили қуръонӣ дар Ироқ ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Қуръон + акс

12:16 - February 08, 2025
рақами хабар: 2849
ИКНА - Маҷмаи илмии Қуръони Карим, ки вобаста ба Остони Аббосӣ мебошад, чандин маҳфили қуръониро дар устонҳои мухталифи Ироқ ба муносибати рӯзи ҷаҳонии Қуръони Карим баргузор кардааст.

Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Ал-Кафил, Маҷмаи илмии Қуръони Карим дар идомаи барномаҳои рӯзи ҷаҳонии Қуръони Карим бо иштироки гурӯҳе аз қориёни барҷастаи Ироқ ва устодони ҳифзи Қуръон маҳфили қуръониро дар устони Карбало баргузор кард.

Дар ин маросим қориёне аз кишварҳои Ироқ, Индонезия, Эрон ва Миср оятҳое аз Қуръони Карим тиловат карданд. Сипас, доктор Ало Ал-Мусавӣ, муовини бахши таълими Маҷмаи илмии Қуръон, дар суханронии худ ба бузургии Қуръони Карим ва иртиботи он бо Итрати поки Паёмбари Акрам (с) пардохта, рӯзи ҷаҳонии Қуръонро оғози пайванди ҳамешагӣ бо каломи ваҳй донист.

Муассисаи Қуръони Карим дар устони Бағдод низ маҳфили қуръониро дар ҳусайнияи Молики Аштари Бағдод баргузор кард. Дар ин маросим чанд тан аз қориёни Остони муқаддаси Аббосӣ оятҳое аз китоби Худоро қироат карданд. Сипас, мадеҳахононии Аҳли байт (а) ашъоре дар мадҳи Аҳли байти исмат ва тоҳорат қироат намуданд.

Дар устони Бобил низ маҳфили қуръонӣ аз сӯи Маҷмаи илмии Қуръони Карими Остони Аббосӣ дар масҷид ва ҳусайнияи Имом Козим (а) баргузор шуд. Дар ин маҳфил айёми вилодати Имом Ҳусайн (а), ҳазрати Аббос (а) ва Имоми Саҷҷод (а) гиромӣ дошта шуд ва маросим бо тиловати оятҳои қуръонӣ, тафсири Қуръон ва мадеҳахонӣ идома ёфт.

Дар идома тасвирҳое аз ин маросимро мебинед:

 

https://iqna.ir/fa/news/4264571

captcha