Ҳузури густардаи мардуми Эрон дар роҳпаймои 22-и баҳман ва ҷашни пирӯзии инқилоби шукӯҳманди исломӣ бозтобҳои густардае дар расонаҳои минтақа ва ҷаҳон дошт.
Бо оғози ҷашни 46 солагии инқилоби исломӣ ва ҳузури густардаи мардум дар хиёбонҳо, расонаҳои англисизабон ва ҷаҳони араб низ ин ҳамбастагии мардуми Эронро дар веб-сайтҳо ва шабакаҳои телевизионии худ пӯшиш доданд.
Маросими роҳпаймоии 22 баҳман ва ҷашни пирӯзии инқилоби шукӯҳманди исломӣ рӯзи душанбе бо ҳузури густардаи мардум аз қишрҳои мухталиф дар Теҳрон, 1400 бахш ва шаҳристон ва низ болиғ бар 35000 рустои кишвар баргузор шуд.
Роҳпаймоии бошукӯҳи пирӯзии инқилоби исломӣ дар Коргили Ҳинд
Роҳпаймои бошукӯҳи солрӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ дар Ҳинд низ баргузор шуд. Ин роҳпаймоӣ дар шаҳри Коргил, воқеъ дар шимоли Ҳиндустон бо мушорикати густардаи қишрҳои мухталифи мардум баргузор гардид.
Дар ин роҳпаймоӣ, тасовире аз шаҳидони муқовимат дар ҷойгоҳ насб шуда буд.
Бозтоби роҳпаймои шукӯҳманди 22 баҳмани мардуми Эрон дар Associated Press
Хабаргузории Associated Press ҳамакнун бо интишори хабари фаврии ҳузури густардаи мардум дар роҳпаймоии бошукӯҳ чиҳилу шашумин солрӯзи пирӯзии инқилоби исломии Эронро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Хабаргузории Associated Press дар ин хусус навишт: даҳҳо ҳазор эронӣ, солгарди инқилоби исломии соли 1979 ин кишварро ҷашн гирифтанд. Ин аввалин роҳпаймоӣ аз замоне, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Кохи Сафед бозгашта ва корзори “фишори ҳаддиаксарӣ”-и худро алайҳи Теҳрон азсргирифт, талаққӣ мешавад.
Бозтоби роҳпаймоии 22-и баҳмани мардуми Эрон дар қоби расонаи русӣ
Дар ҳамин бора, хабаргузории Балето эълон кард, ки Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус рӯзи душанбе бо интишори паёме чиҳилу шашумин солгарди инқилоби исломиро ба Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мардуми ин кишвар табрик гуфтааст.
Расонаи амрикоии “Вашингтон Пост” низ дар пӯшиши маросими 22-и баҳманмоҳи соли ҷорӣ, ин титрро интихоб кард: бо ҳузури Трамп дар Кохи Сафед, эрониён солгарди инқилоби исломии 1979-ро ҷашн мегиранд.
Ал-Арабия ин бахш аз пӯшиши Associated Press аз муносибати мазкурро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод: бузургдошти солона поёни ҳукумати паҳлавӣ, ки таҳти ҳимояти Амрико қарор дошт ва таъсиси ҳукумати динӣ дар Эрон баргузор шуд. Раисҷумҳури Амрико (ба Теҳрон) пешниҳод кард, ки мехоҳад бар сари барномаи ҳастаӣ, ки ба суръат дар ҳоли пешрафт аст, ба тавофуқ бирасад!
Аз сӯи дигар, хабаргузории Рӯйтерз мушорикати мардумии Эрон дар роҳпаймоии солрӯзи пирӯзии инқилоби исломиро ингуна пӯшиш дод: Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон садоқати Амрикоро дар талош барои музокира бо Теҳрон зери савол бурд. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳафтаи гузашта корзори “фишори ҳаддиаксарӣ”-и худ бар Эронро бозгардонд.
Россия Сегодня: Эрон чиҳилу шашумин солрӯзи инқилобро ҷашн гирифт
Расонаи русии “Россия Сегодня” бо ишора ба баргузории роҳпаймоии 22-и баҳман гузориш дод: Эрон чиҳилу шашумин солрӯзи пирӯзии инқилоби худро ҷашн гирифт. Аз субҳи рӯзи душанбе роҳпаймоӣ дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрон ба ҳамин муносибат баргузор шуд.
Аз сӯи дигар бахши арабии расонаи Спутники арабӣ низ гузориш дод: Эрон чиҳилу шашумин солрӯзи инқилоби исломиро гиромӣ дошт.
Ин расонаи рус гузориш дод: Эрониҳо имрӯз душанбе дар чиҳилу шашумин солрӯзи инқилоби худ роҳпаймои густардае дар саросари ин кишвар баргузор карданд.
Спутник дар идомаи гузориши худ ба тағйири режими шоҳаншоҳии мавриди ҳимояти Амрико ба низоми исломӣ ба раҳбарии Имом Хумайнӣ ишора кард.
Ал-Масира: роҳпаймоии густардаи мардумии Эрон ҳамзамон бо таҳдидҳои физояндаи Амрико
Шабакаи Ал-Масира Яман бо пӯшиши роҳпаймоии 22 баҳман гузориш дод: субҳи душанбе роҳпаймоӣ дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрон ба муносибати чиҳилу шашумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ шуруъ шуд.
Ин расонаи яманӣ дар идомаи гузориши худ овардааст: ҷамъияти зиёде дар майдони Озодии Теҳрон ҳузур пайдо карданд. Ин роҳпаймоӣ бо суханронии Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон дар майдони Озодӣ ба поён хоҳад расид.
Ал-Масира гузориш дод: дар канори парчами Ҷумҳурии Исломии Эрон, парчамҳои Яман ва Ҳизбуллоҳи Лубнон, Фаластин, Ҳашдушшаъбӣ ва гурӯҳҳои муқовимат ба эҳтизоз даромад. Аз нуктаҳои қобили таваҷҷуҳ, ки ҳама сола дар ҷараёни ин маросим баргузор мешавад ва имсол низ шоҳиди он будем, тобутҳои сарони режими саҳюнистӣ аст. Миллати Эрон инзиҷори худро аз ҷинояти Исроил иброз медоранд.
Ал-Масира дар идома гузориш додааст: дар даҳуми феврали 1979 инқилоби исломии Эрон ба раҳбарии имом Хумайнӣ бар режими диктатории мавриди ҳимояти Амрико пирӯз шуд. Баргузории роҳпаймоӣ дар чиҳилу шашумин солрӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ ҳамзамон бо афзоиши таҳдидҳои физояндаи Амрико ва режими саҳюнистӣ ва ташдиди таҳрими иқтисодӣ алайҳи Эрон аст.
Шабакаи Ал-Манори Лубнон ҳамзамон бо оғози роҳпаймои мардумии Эрон дар хиёбонҳои шаҳрҳои мухталифи ин маросимро ба зинда пӯшиш дод.
Хабаргузории Ал-Аҳд низ аз баргузории роҳпаймоии бошукӯҳ дар чиҳилу шашумин солрӯзи пирӯзии инқилоби исломии Эрон хабар дод. Ин расонаи лубнонӣ навишт: Теҳрони пойтахт ва низ дигар устонҳои Эрон шоҳиди роҳпаймоии бошукӯҳи мардуми Эрон дар чиҳилу шашумин солрӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ аст.
Шабакаи Ал-Маёдин низ ба пӯшиши роҳпаймоии мардуми Теҳрон пардохта ва ба таври мустақим ин маросимро пӯшиши расонаӣ дод.