IQNA

Нишасти изтирории Созмони ҳамкории исломӣ барои муқобила бо тарҳи Трамп

22:16 - February 12, 2025
рақами хабар: 2883
ИКНА - Вазорати корҳои хориҷии Миср аз талошҳо барои баргузории нишасти изтирории Созмони ҳамкории исломӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Шаҳоб, Вазорати корҳои хориҷии Миср эълон кард, ки тавофуқи ибтидоӣ барои баргузории нишасти изтирории вазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ба даст омадааст.

Қарор аст ин нишаст ба баҳси роҳҳои муқобила бо тарҳи президенти Амрико дар мавриди кӯчондани иҷбории сокинони Навори Ғазза ихтисос ёбад.

Қаблан низ манобеи огоҳ аз кишварҳои арабӣ дар гуфтугӯ бо Ал-Арабӣ ва Ал-Ҷадид эълом карда буданд, ки нишасти изтирории сарони кишварҳои арабӣ 27 феврал дар Қоҳира баргузор хоҳад шуд.

Бар асоси ин гузориш, нишасти мазкур бо ҳадафи баррасии роҳҳои муқобила бо тарҳи хатарноки Доналд Трамп, президенти Амрико, дар мавриди ишғоли Навори Ғазза ва ихроҷи фаластиниҳо аз ин минтақа баргузор мегардад.

Ҳамчунин, интизор меравад дар ин нишаст мавқеи муштараки кишварҳои арабӣ дар ҳимоят аз Миср ва Урдун дар муқобили фишорҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ қабул карда шавад.

https://tajikpress.com/2025/02/12/

captcha