Чиҳилу панҷумин сураи Қуръони Карим “Ҷосия” ном дорад. Ин сура бо 37 оят дар ҷузъи бисту панҷум қарор гирифтааст. Ин сура, ки макӣ аст, дар тартиби нузул, шасту панҷумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст.
Ин сураро Ҷосия меноманд, зеро дар ояти 28 он, аз ба зону даромадани бисёре аз мардум дар қиёмат барои гирифтани номаи аъмолашон сухан гуфта шудааст. Ҷосия дар луғат ба маънои ба зону даромадааст.
Ҳадафи ин сура даъвати умумии башар ба дин тавҳид ва парҳез аз азобе, ки аз он инзор мекунад. Сураи Ҷосия, нахуст бо масъалаи тавҳид оғоз мешавад, ва сипас ба масъалаи набувват ва таъкид бар пайравӣ аз Паёмбарон ишора дорад.
Ҳамчунин ба мустакбироне, ки оёт ва нишонаҳои Худоро инкор мекунанд ба шиддат ҳушдор дода ва таҳдид кардааст. Ва низ ба касоне, ки ҳавои нафси худро парастиш мекунанд, дар ҳоле, ки ба гумроҳии худ огоҳ ҳастанд, ҳушдор медиҳад.
Сураи Ҷосия зовияои аз мувоҷиҳ шудани мушрикон бо даъвати исломӣ ва тариқаи онҳо дар мувоҷиҳа бо далоил ва нишонаҳои ин даъват ва сарсахтии онҳо дар муқобила бо ҳақоиқ ва масоили даъвати исломӣ ва пайравии комили онҳо аз ҳаво ва ҳавасро барои мо тарсим мекунад.
Сураи Ҷосия ҳомили даъвати инсонҳо ба самти Худо аст. Ин сура мардумро бо далел ва бурҳон, ки гоҳ бо таҳдид ва ташвеқ ҳамроҳ аст, ба ин ҳақоиқ фаро мехонад.
Ин сура бо зикри масъалаи паёмбарӣ ва далоили имон ва тавҳид оғоз мешавад ва дар идома ба ҷалол ва шукӯҳи илоҳӣ ва баён нишонаҳои Худованд дар осмон ва замин ва офариниши инсон ва соири мавҷудот мепардозад.
Дар идома ба гурӯҳе аз гуноҳкороне ишора дорад, ки нишонаҳои илоҳиро аз рӯи ғурур нодида гирифта ва онҳоро инкор кардаанд. Дар ин сура таъкид шуда, ки муҷозоти онҳо дар қиёмат, ҷаҳаннам ва азобҳои дарднок аст.
Бо ин ҳол роҳи ҳидоятро бар онҳо мегушояд ва бо баёни бархе дигар аз нишонаҳои Худованд дар замин ва осмон онҳоро ба тафаккур ташвеқ мекунад ва дар ниҳоят бо ишора ба маод ба таҳдиди инкоркунандагон мепардозад.
Дар ин сура қиёмат ба сурати малмус ироа шудааст. Тамоми гурӯҳҳоро мебинем, ки дар интизори бозпурсӣ ва муҳосибаи аъмоли худ ҳастанд. Номаҳои аъмоли худро дарёфт мекунанд. Дар ҳоле, ки ҳама чиз дар он сабт аст; Он гоҳ умматҳои мухталифро ба ду даста тақсим мекунад; Дастае мӯъминони солеҳ, ки аз раҳмати илоҳӣ бархурдоранд ва дастаи кофирони гуноҳкор, ки бо русвоӣ ва тавбих рӯ ба рӯ ҳастанд ва ҷойгоҳашон оташ аст.