Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз вебсайти шабакаи ҷаҳонии Кафил, ин истгоҳ дар маҷмаи «Ал-Алқама», ки дар масири зоирон дар роҳи Карбало ба Бобил воқеъ аст, таъсис ёфта ва таҳти назорати муассисаи Қуръон, ки ба маҷмаи илмии Қуръон дар Устони Аббосӣ вобаста мебошад, фаъолият мекунад.
Сайид Саттор Ҷаббор Убайд, аз кормандони муассиса, дар ин бора гуфт: «Муассисаи Қуръон аз чандин сол пеш талош мекунад, ки дар зиёратҳои миллионӣ, аз ҷумла зоияти нимаи Шаъбон, истгоҳҳои қуръонӣ барои омӯзиши қироати дурусти Қуръон барпо кунад.»
Вай илова намуд: «Ин истгоҳ бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти Сураи Фотиҳа (Ҳамд) дар намозҳои рӯзмарра, мақсад дорад, ки ба зоирон, ки барои зиёрати нимаи Шаъбон ба Карбалои Муалло меоянд, қироати дурусти ин сураи муборакро омӯзонад.»
Убайд таъкид кард: «Тақсими ҳадяҳо аз баракатҳои ҳарами Ҳазрати Аббос (а) ба муносибати зиёрати нимаи Шаъбон аз дигар фаолиятҳои ин истгоҳ мебошад.»