Ба гузориши ИКНА, ба нақл аз Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ, гурӯҳе аз блогерони синамоӣ ва фарҳангӣ аз Туркия, Русия ва Арманистон бо Ғафорӣ, дабири ҳаждаҳумин ҷашнвораи байналмилалии филми муқовимат дидор карданд.
Ин нишаст фурсати муносибе барои баррасии таъсири синамо ва расонаҳо дар инъикоси воқеиятҳои ҷаҳонӣ, ба вижа дар ҳавзаи муқовимат ва ҳимоят аз мазлумон буд.
Ғафорӣ дар ин дидор бо ишора ба бетаваҷҷуҳии ҷашнвораҳои байналмилалӣ нисбат ба ҷиноятҳои Ғазза изҳор дошт: «Бисёре аз ҷашнвораҳои филм, ки худро ҳомии ҳуқуқи башар медонанд, дар баробари фоҷиаҳои инсонӣ, аз ҷумла қатли омми мардуми Ғазза, сукут мекунанд ва ҳатто аз намоиши филмҳое бо ин мавзуъ ҷилавгирӣ менамоянд. Ин нишон медиҳад, ки ҷараёни расонаии мусаллат дар ҷаҳон ривояти яктарафа ва гузинаишударо ироа медиҳад.»
Вай ҳамчунин бар нақши аҳли расона дар рӯшангарӣ ва тавзеҳи мафҳуми муқовимат таъкид карда, афзуд: «Дар ҷаҳоне, ки расонаҳои ғарбӣ бо истифода аз таблиғоти густурда ҳақиқатро таҳриф мекунанд, аҳли расона, аз хабарнигорон гирифта то мустанадсозон ва блогерҳо, масъулияти бузурге дар инъикоси воқеиятҳо доранд. Синамои муқовимат заминаест, ки метавонад ин ривоятҳои сенсуршударо ба гӯши мардуми ҷаҳон бирасонад.»
Дар идома, блогерони ҳозир низ назароти худро дар бораи чолишҳои тавлид ва тавзеҳи филмҳои мустақил, маҳдудиятҳои расонаӣ ва нақши ҷашнвораҳои мардумӣ дар рӯшангарии ҷомеаи ҷаҳонӣ баён карданд.
Ҷашнвораи байналмилалии филми муқовимат бо ҳадафи ҳимоят аз синамои адолатхоҳ талош дорад, заминаеро барои намоиши осори коргардонҳое фароҳам оварад, ки овози мазлумонро тасвир мекунанд ва дар баробари сенсур ва таҳрифи ҳақиқат истодагӣ менамоянд.